сиёсат
ВАҲДАТ САРЧАШМАИ ИҚБОЛ АСТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҳанӯз аз 20 апрели соли 2012 таъкид намуда буданд: “Устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад”.
Қобили тазаккур аст, ки халқи хушбахти тоҷик ба Пешвои воқеии миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардиданд ва ин инсони хирадманд, шахсияти воқеан бузург, дар арсаи воқеаҳои сиёсӣ талош намуда, дар давраи мушкил ҳамаи масъулиятро ба зиммаи худ гирифта буданд. Ба шарофати ҷидду ҷаҳди Президент ва Ҳукумати кишвар дар остонаи соли 2000-ум Ҳукумати Тоҷикистон ба сӯи рушди босубот гом бардошта, аввал ба навсозиҳои иқтисодӣ камар баст, ки дар муддати кӯтоҳ самараи хешро намоён сохтанд, сипас, баҳри пайвандгарии моддию маънавӣ, ба сохтмони роҳҳо шурӯъ намуданд.
Дар арсаи сиёсат давлати тоҷиконро бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 150 кишвари ҷаҳон эътироф кард. Хоссатан, сиёсати «дарҳои кушода» ва муносибатҳои ҳасанаи мутақобила бо кишварҳои дигар дар доираи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба обруву эътибори Тоҷикистонро сол ба сол баланд гардонданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи сулҳу пойдории давлати мустақили тоҷикон маҳсуб меёбанд. Ин шахсияти барҷастаи миллат, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуда, нақши арзанда гузоштанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар раванди ташаккулёбии давлатдориамон қаҳрамонии худро зоҳир карданд. Таърих гувоҳ аст ва ин ба мо имкон медиҳад, ки дирӯзи худро дониста, бояд ба сӯи фардои босаодат бо ҳидояти Сарвари фазилатоин Эмомалӣ Раҳмон қадами устувор гузорем. Бо Сарвари ваҳдатовари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои тӯлонӣ ва мушкилро тай намуда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 27 - уми июни соли 1997 дар Москва ба тасвиб расид.
Бо роҳбарии Сарвари давлат барқарор кардани низоми конститутсионӣ, баргардондани ҳамаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани фазои осоиштаи кишвар, барқарор кардани иқтисодиёт, сохтмони иншооти дорои арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, инкишофи фарҳангу тамаддун ва густариши фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд.
Кибриёхон АТОЕВА,
устоди кафедраи гуманитарӣ - иҷтимоӣ, Аълочии
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
М. САЙДУЛЛОЕВА,
муовини ректор оид ба корҳои тарбияи
Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2019 №: 131 Мутолиа карданд: 943