сиёсат
ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН. ИМКОНИЯТҲОЕ, КИ БА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО МУСОИДАТ МЕКУНАНД
Аксари кишварҳои Осиё дорои захираҳои табиӣ ва имкониятҳои бузурге мебошанд, ки то ҳанӯз ба таври кофӣ кашф нашудаанд. Осиёи Миёна бо доштани захоири энергетикӣ ва манобеи табиӣ бо кишвари Ҳиндустон наздикии географӣ дорад. Тоҷикистон бошад, дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ ва ашёи хом барои тараққӣ додани саноат аст, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҳиндустон, дар соҳаҳои саноату энергетика заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳиндустон яке аз давлатҳои минтақаи Осиё аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият соли 1947 тавонист дар бештари соҳаҳо, аз ҷумла саноат, энергетика, технологияи нав, хоҷагии деҳот, адабиёту фарҳанг ва дипломатия, рушд кунад. Дар тӯли таърих Ҳиндустон дар байни мардуми Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон ҳамчун як кишвари афсонавӣ, саёҳатӣ ва фарҳангӣ шинохта шудааст. Дар шинохти ин кишвари афсонавӣ метавон ба ашъору асарҳои устод Мирзо Турсунзода рӯ овард. Худи шоирро чун таҷассумгари озодии мардумони Осиё ва Африқо, хусусан Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш, эътироф кардаанд.
Рафтуомади аҳли адаб ва иштироки фаъоли муҳассилон ва мутахассисони Тоҷикистон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва омӯзишии ин кишвар тавассути лоиҳаи байналмилалии он ба мисли "APTECH", ITEC ва ғайраҳо, ки то ҳол идома дорад, аз омили шинохт ва дӯстии ҳар ду кишвар дониста мешавад. Дар ҳоли ҳозир равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон хуб ба роҳ монда шуда, тарафҳо талош мекунанд, то онро дар соҳаҳои гуногун, алалхусус саноат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, фарҳанг, саёҳат, зарфиятсозии кадрҳо ва амнияти минтақа, тақвият бахшанд.
Муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ҳам ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар хуб ҷараён дорад. Аз ҷумла, шомил шудани Ҳиндустон ба Созмони ҳамкории Шанхай низ аз омилҳои дигаре мебошад, ки кишварҳои моро боз ҳам наздиктар месозад.
Тавре маълум аст, 14 - 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе нишасти 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарии ҳайати Ҳиндустонро вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сушма Свараҷ бар дӯш дошт, ки оид ба густариши равобит, таҳкими дӯстӣ, ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир баромад намуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар ҳамоиш зикр кард, ки нақши Тоҷикистон дар минтақа дорои аҳамияти стратегӣ аст. Ба дӯши Тоҷикистон вогузор шудани раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар оянда натиҷаҳои хуберо бор хоҳад овард. Ӯ таъкид кард, ки терроризм таҳдиди хатарнокест, ки имрӯз аксари кишварҳои Осиёро фаро гирифтааст.
Равобити Тоҷикистону Ҳиндустон дар даврони истиқлолият хуб роҳандозӣ шуда, барои рушди соҳоти гуногун ва ҳамгироии минтақавӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Табодули таҷрибаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон метавонад ҳар ду кишварро ба самти хуб равона созад ва ба минтақа низ барои ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб кумак расонад.
Саммити 5 - уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо мизбонии ҷониби Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи ҳайати баландпояи Ҳиндустон саҳифаи наверо дар густариши муносибатҳои ҳамкории миёни ду кишвар боз кард. Бовар дорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми заминаҳо ба нафъи мардумони ҳар ду давлати бо ҳам дӯст инкишоф хоҳанд ёфт.
Мирсаид РАҲМОНОВ, муҳаққиқ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2019 №: 131 Мутолиа карданд: 1040