logo

президент

Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 50 фоиз коҳиш ёфт

22 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои  солҳои 2007 - 2009 ва омодагӣ ба қабули Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2012 баррасӣ шуд.
Оид ба масоили мазкур нахуст ҳисоботи вазири рушди и›тисод ва савдо Фарух Ҳамралиев шунида шуд.
Зикр гардид, ки Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо ма›сади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани низоми идораи давлатӣ, рушди макроиқтисодӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ татбиқ карда мешавад.
Дар натиҷаи татбиқи босамари стратегияи мазкур сатҳи камбизоатӣ аз 72,4% - и соли 2003 дар соли 2007 то 53% ва то охири соли 2009 то 50% коҳиш ёфт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар натиҷаи татбиқи самарабахши стратегияи нав сатҳи  камбизоатӣ то соли 2012 бояд то ҳадди 40% коҳиш ёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои маблағгузории стратегияи қаблӣ 5 миллиард доллари амрикоӣ равона гашта буд.
Таъкид гардид, ки тарзу усули корбарӣ дар татбиқи стратегияи нав хеле такмил меёбад. Маблағгузории он зиёд шуда, новобаста аз он ки шумораи тадбирҳои он 300 адад кам пешбинӣ шудаанд, ба 5,3 миллиард доллари амрикоӣ расонда хоҳад шуд.
Баъди муҳокимаи муфассал, ки бо иштироки роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони субъектҳои соҳибкории мамлакат сурат гирифт, лоиҳаи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012 ба баррасии маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед