ҳуқуқ
ТЭТ ҲНИ МАВҚЕАШРО БОЗ ТАҒЙИР МЕДИҲАД?
То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора пӯстини худро чаппа пӯшида, “демократияхоҳ” гаштаву барои худ шиорҳои наверо интихоб кардаанд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст.
Ҳоло Аврупо, баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин ва фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки аз номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, бо ТЭТ ҲНИ эҳтиёткорона муносибат мекунад. Роҳбари ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ҳизб ҳамчун ҷараёни ба ном дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан дуруст нест, зеро онҳо тӯли фаъолияти худ се бор мавқеи худро тағйир доданд…
Ташкили “ҳамоиш” - у “гирдиҳамоиҳо” аз ҷониби наҳзатиён ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки онҳо фаъолият доранд.
Яке аз чунин нишастҳои ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд. Аз аксҳои интишоршуда аз рафти нишаст мушоҳида мешуд, ки он дар як ошхона баргузор шудаву иштирокдоронаш аҳли оила ва наздикони роҳбари ҳизб буданд. Ҳатто, дида мешуд, ки кӯдакони 8 - 10 - сола дар рафти ин “ҳамоиш” гаштугузор доранд. Аслан, он ҳамоиш набуд ва шояд наҳзатиён ба ошхонае барои хӯрокхӯрӣ даромадаву он ҷо чанд акс бардоштаанд ва дар ҳисоботи худ онро “ҳамоиш” дарҷ кардаанд.
Ҳоло, ки бори дигар ТЭТ ҲНИ бо иддаоҳои беасосе мехоҳад тоҷикони муқими Аврупоро ба “тазоҳурот” даъват намояд, ҳамватанони азизи моро мебояд аз ҳадафҳои шуми ин ташкилоти ифротию террористӣ жарфтар биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷа домест, ки раҳоӣ аз он кори басо сангину мураккаб хоҳад буд. Андеша аз он кунанд, ки ТЭТ ҲНИ парвое аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, надорад. Ҳамагӣ чанде пеш дар Олмон яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаводаи таъсисдиҳандаи ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, дур аз Ватану оилаву пайвандон аз дунё гузашт. Магар аз ин мусибат роҳбарони ТЭТ ҲНИ ғам хӯрданд? Ҳаргиз не!. Сарвари наҳзатиён, ки аз Нурӣ “устод” ном мебарад, ҳатто ба вафоти хоҳарзодаи устодаш тасаллият нагуфт. Аз роҳбари ҲНИ танҳо ҳамин гуна муносибатро интизор шудан мумкин аст. Аз нафаре, ки барояш чизе муқаддас боқӣ намондааст, на Ватан, на падару модар ва на оила…
М. ШАРИПОВА, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2019 №: 131 Мутолиа карданд: 950