ҳуқуқ
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. ТАМРИНҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМӢ БАРОИ МАҲВИ ТЕРРОРИЗМ
Дар заминаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин охири моҳи июли соли равон дар дар яке аз гарнизонҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ миёни низомиёни ҳар ду кишвар ташкил ва баргузор мегардад.
Дар ин бора Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин машқҳо ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамали Артиши миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин размоиш чархболу ҳавопаймо, парашутистҳо ва дигар силоҳу муҳимоти ҷангӣ истифода мешавад.
- Ҳадаф аз баргузории чунин машқҳои муштарак миёни Тоҷикистон ва Чин вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, мебошад. Аниқтараш кишварҳои ҳамсарҳад дар ҳамоҳангӣ метавонанд бар зидди чунин зуҳурот истодагарӣ намоянд. Ҳамзамон, мақсад сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии ҳар ду кишвар дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ бар зидди унсурҳои мухталифи террористӣ мебошад, - гуфт Ориф Нозимиён.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.2019 №: 132 Мутолиа карданд: 848