иқтисод
МОҲИПАРВАРӢ. РУШДИ СОҲА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи дуюми моҳи июл Рӯзи моҳипарварон таҷлил мешавад. Тибқи маълумоти ташхисгарони хориҷӣ, моҳии истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барои саломатӣ фоидабахш аст. Рушди соҳа ба буҷети кишвар низ даромади зиёд оварда метавонад.
Ҷумъахон Раҷабов, муовини сардори КВД «Моҳии Тоҷикистон», ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки қабули Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 –2022 ба рушди соҳа, баланд бардоштани маҳсулнокии моҳии ватанӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ такон бахшид. Теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвари ҷумҳурӣ давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 372, масоҳати оинаи обӣ қариб ба 3014 гектар ва ҳаҷми истеҳсоли моҳии молӣ ба 426,5 тонна расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад зиёд мебошад. Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 4500 тонна моҳӣ дар назар аст.
Баробари ин, дар асоси талаботи барнома ва тибқи шартномаҳои тарафайн, аз Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ барои такрористеҳсолкунӣ, парвариш ва зиёд намудани шумора 10 миллион кирминамоҳичаи намудҳои амури сафед, карпи оинагӣ, пешонапаҳни ало оварда, ба хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Инчунин, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки сабаби асосии талафоти моҳӣ ва тухми он мегарданд, тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Айни ҳол дар ҳавз, кӯл ва обанборҳои мамлакат 85 намуди моҳӣ парвариш меёбад. Аз моҳиҳои хушзоти ватанӣ 8 навъ барои парвариш ва 7 навъ сайдшаванда мебошанд. Дар ҷумҳурӣ парвариши гулмоҳӣ хеле муфид аст. Парвариши онро ҳатто дар кӯлҳои сунъӣ ба роҳ мондан имконпазир аст, зеро гулмоҳӣ камхӯрок буда, бештар гиёҳҳои гуногун истеъмол мекунад. Ғайр аз ин, обу иқлими кишвар барои ба роҳ мондани парвариши илмии бисёр зотҳои моҳӣ, аз ҷумла амури сафеду сиёҳ, буффалои амрикоӣ, сӯфимоҳӣ, карпи чармӣ, сафеди чашмсурх, гурбамоҳӣ, мувофиқ мебошад.
Ду хоҷагии зотпарварии КВД «Моҳии Тоҷикистон» - ҶСК «Моҳии тоҷик» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қариб тамоми хоҷагиҳои моҳипарвари мамлакатро бо моҳичаю кирминамоҳичаҳо таъмин менамоянд. Айни ҳол хоҷагиҳои моҳидории «Суғд – моҳӣ» - и шаҳри Гулистон, «Исмоил» - и шаҳри Кӯлоб, «Аквапарк», «Фарел» - и шаҳри Ваҳдат, «Чӯбек» - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Парваришгоҳи моҳии хушзот» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули Сурх» - и ноҳияи Дӯстӣ ва «Абдуназар» - и ноҳияи Варзоб дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ саҳми назаррас доранд.
Ба гуфтаи Ҷумъахон Раҷабов, ҳадафи стратегии миллӣ, шароит ва замон тақозо менамояд, ки ин соҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаоварро рушд диҳем. Мутаассифона, барои ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии моҳӣ ҳанӯз ҳам пойгоҳи хӯроки он нокифоя аст. Моҳипарварон чанд намуди ғизоҳои заруриро бо нархҳои гарон аз хориҷа ворид менамоянд, Дар Тоҷикистон корхонаи махсуси истеҳсоли хӯроки моҳӣ мавҷуд нест, ҳарчанд моҳипарварон ба он ниёз доранд. Дар назар аст, ки соли 2020 бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли хӯроки моҳӣ бунёд шавад.
Моҳиҳое, ки дар обанборҳо парвариш меёбанд, аз нигоҳи экологӣ бартарият доранд ва барои консервкунонӣ мувофиқанд. Аз ин рӯ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсоли консерви моҳӣ ва маҳсулоти дигари он низ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулони соҳа бошад. Танҳо тавассути рафъи ин мушкилот ва андешидани тадбирҳои дигар моҳипарвариро ба соҳаи сердаромад табдил додан ва аҳолии мамлакатро бо гӯшти парҳезии моҳии худӣ таъмин кардан имконпазир аст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.2019 №: 132 Мутолиа карданд: 1311