номаҳо
ЭҲТИРОМИ МОДАРРО АЗ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ БИОМӮЗЕМ!
Дар доираи сафари корӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Сангвор ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайричашмдошт сурате тақдим гардид. Дар сурат Пешвои миллат бо модари азизу бузургворашон ба ҳангоми суҳбат тасвир шуда буданд. Бо дидани он ба ёди модарашон беҳтарин суханҳоро бисёр самимона иброз доштанд. Баромад ончунон муассир буд, ки бе рехтани оби дида кас наметавонист онро бишнавад.
Нахуст барои модари азизашон дуои хайр намудем, ки фарзанди сулҳпарвару ободгару адолатгустарро барои миллат зодааст.
Баъдан аз модару падари худ ёд намудем, ки дар зиндагияшон ба қадрашон расида натавонистем. Акнун пушаймонем. Дер, бас дер фаҳмидем, ки чи неъматҳои бузурге будаанд. Оре, пас аз он, ки мо ва дунёро тарк гуфтанд. Бо чи заҳматҳо моро парварданд, хононданд. Бояд хоки қадамҳояшонро тутиёи чашм мекардем.
Дуруст аст, ки падарон, бародарон, хоҳарон, гуногун мешаванд, аммо модарон, ҳамаи модарон якхеланд ва аз ҳамдигар тафовут надоранд. Фикр мекунам, ки ин ҳақиқатро бояд ҳамаи фарзандон бидонанд ва модару падарро азизу гиромӣ бидоранд. Бо эҳтироми ин ҳар ду дар ҳар ду олам фарзанд подоши некро соҳиб мегардад ва ҳам обрӯву шараф меёбад.
Барҳақ, пешиниён иброз медоштанд: «Ҳар чӣ бо модару падари худ бикунӣ, ҳамонро аз фарзанди худ мебинӣ».
Бар асари ҷаҳолату ҷавонӣ бонг бар онҳо низ задаему дилозурдаашон ҳам намудаем. Медонем, ки онҳо моро бо он дилҳои бузург, ки доштаанд, бахшидаанд, вале ҷубронашон барои худамон дар ин даврон бас мушкил мебошад.
Гуфтаему мегӯем: «Агар умри дубора меёфтанд, лаҳзае аз хидматашон фориғ намешудем. Ҳеҷ чиз баҳонаву сабаб намегардид, ки ба зиёрату аёдаташон шитоб накунем».
Баъди суханони самимии Пешвои миллат дар бораи модару падарашон, дидем, мушоҳида намудем, ки фарзандонамон, ба маънии мусбаташ, тағйир ёфтанд ва моро бо дили саршор аз муҳаббату нигоҳи пур аз меҳр ва умедҳои нек нигаристанд. Суханони Сарвари давлат, ба ростӣ, дар ин маврид ба навъе як дарс буд, дарси хуби ахлоқ ва ҳам ахлоқи ҳамида.
Қ. РАҲИМ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2019 №: 134 Мутолиа карданд: 3852