иқтисод
ВМКБ. ЧАРО КОРХОНАЕ, КИ ДУСАД КОРГАР ДОШТ, АЗ КОР МОНД?
КВД «Матбааи вилоят» дар ВМКБ солҳои 80 – ум 200 коргар дошту яке аз корхонаҳои бузурги минтақа маҳсуб меёфт. Аммо чанд вақт боз ҳатто музди меҳнати кормандонро ҳам пардохта наметавонад. Ҳоло ба ҷуз 2 – 3 навбатдор (аз ҳисоби коркунони маъмурияти корхона) дар сехҳо касе нест. Дастгоҳҳо низ кунҷе бекор хобидаанд.
Амдин Қосимшоев, сардори муассиса, гуфт, ки айни замон дар корхона ягон дастгоҳи чопкунии фаъол мавҷуд нест.
- Онҳо корношояманду таъмир ҳам намешаванд. Се сол пеш бо супориши Президенти мамлакат Вазорати фарҳанг барои корхонаи мо як дастгоҳи ноширӣ тақдим намуд. Вале он барои чопи рӯзнома мувофиқ наомад ва як сол боз тамоман кор намекунад, - гуфт ӯ.
Бо чунин аҳвол қариб даҳ сол аст, ки барои нашри рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявии вилоят имконият нест ва роҳбарони нашрияҳо саргардон шуда, рӯзномаҳоро дар матбааҳои шаҳри Душанбе ба чоп мерасонанд. Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб – «Сари Кол» дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ба нашр мерасад.
Ба гуфтаи Назрулло Хайруллоев, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Бадахшон”, аз кор мондани корхонаи мазкур барои нашри рӯзномаҳои вилоят монеаи ҷиддӣ эҷод намудааст.
- Мо маҷбурем, ки рӯзномаро саҳифабандӣ карда, тариқи интернет ба матбааҳои шаҳри Душанбе ирсол намоем. Ҳатто наметавонем, ки сифати нусхаи аввалинро дида, ба чопаш иҷозат диҳем. Бо ин сабаб баъзан сифати ҳуруфу аксҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Аммо мо имкони ислоҳ надорем, рӯзнома ба дасти мо баъди ду рӯз мерасад. Дар ин ҳол, албатта, бархе аз хабарҳои дар рӯзнома нашршуда моҳияти худро гум мекунанд. Барои мисол, рӯзномаи “Бадахшон” рӯзи чоршанбе дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нашр расида, рӯзи дигар бо мошинҳои мусофиркаш ба шаҳри Хоруғ фиристода мешавад. Рӯзи ҷумъа масъулони КФВД “Почтаи тоҷик дар ВМКБ” онро ба ноҳияҳо мебаранд ва баъди як рӯз ба идораи почтаи онҳо мерасад. Аз ин ҷо ба маркази ҷамоату деҳаҳо расидани рӯзнома боз вақти муайянро талаб мекунад. Акнун қазоват кунед, ки ин рӯзнома аз лиҳози иттилоотӣ ва фаврият чӣ арзише дошта метавонад. Бинобар ин, зарур аст, ки барои фаъолгардонии матбааи вилоят чора андешида шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо як рӯзномаи вилоятӣ, ки бо теъдоди 3100 нусха нашр мешавад, соле ба матбаа барои чоп беш аз 120 ҳазор сомонӣ пардохт менамояд. Ба ин нашри рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявиро зам намоем, даромади матбаа хеле бештар хоҳад шуд. Ҳамчунин, агар чопи қисмати рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ барои муштариён аз ВМКБ дар ин муассиса ба роҳ монда шавад, даромади корхона меафзояд. Ҳам ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанду ҳам истеҳсолот ривоҷ мегирад. Аммо боиси таассуф аст, ки ин маблағ аз ҳудуди вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ мебарояд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2019 №: 134 Мутолиа карданд: 1143