logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ДАР РАШТ ШАШ ҲОЛАТИ ҚОНУНШИКАНӢ ОШКОР ШУД

Дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияи Рашт 6 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор гардида, нисбат ба шахсони қонуншикан чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.

Тавре Мустафо Хоркашов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, изҳор дошт, дар ин давра 394 маъракаи тӯйи домодию арӯсӣ, маросими чил ва сол ба қайд гирифта шуда, дар онҳо 65 сар чорвои калон ва 262  сар чорвои хурд забҳ гардидааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна 1086872 сомониро ташкил медиҳад.
Дар назди 61 ташкилоту муассисаи ноҳия, ки на камтар аз 30 нафарӣ корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, риояи талаботи қонуни мазкур ва чораҳои пешгирии қонуншиканӣ зери назорати ҷиддӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин давра масъулони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои деҳоти Ҷафр, Навдӣ, комиссияҳои ҷамъиятии бахши №76-и БДА “Амонатбонк” ва беморхонаи марказии ноҳияро мавриди санҷиш қарор дода, баҳри ислоҳи камбудиҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тавсияҳои зарурӣ доданд.
Тибқи қонунгузорӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки ҷашну маросимро бо риояи талаботи қонун баргузор карда, мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро аз баргузории тӯю маросим огоҳ намоянд. Аммо санҷишҳо муайян намуданд, ки шаҳрвандон гоҳо дар баргузории маросими азодорӣ мақомоти ваколатдорро огоҳ намекунанд, ки боиси ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мегардад.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 1057
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед