мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рамазон Абдулатифов
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифовро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рафти татбиқи санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки байни Тоҷикистону Русия баста шудаанд, аз ҷумла тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба шаҳри Душанбе моҳи августи соли равон ҳосилшуда баррасӣ гардид.
Мусоҳибон аз рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва ҳамгироиҳои сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки татбиқи санадҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба аз худ кардани захираҳои обию энергетикӣ ва нафту гази Тоҷикистон, бояд тезонда шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва омодагӣ ба Анҷумани байнипорлумонии «Тоҷикистону Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки рӯзҳои 24 ва 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 9159