ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
РОҲЗАНӢ
Ҷиноят дар Москва ҳукм дар Душанбе
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд И. Холовро дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ гунаҳгор дониста, ӯро ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, И. Холов моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ҷамъе аз ҳаммаслаконаш ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Сабурзода ҳамла карда, ӯро захмӣ ва маблағи 902 ҳазор рубли русӣ, баробар ба 128264 сомониро тасарруф намудаанд.
Дар шарҳи ҷузъиёти ин хабар гуфта мешавад, ки С. Сабурзода барои хариди мошин ба шаҳри Москва рафтааст, ки маҳкумшуда ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ин бора огоҳӣ пайдо намуда, даст ба чунин ҷинояти нангин задаанд.
Ин амали ҷинояткорона тибқи моддаи 249 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (роҳзанӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк) бандубаст шудааст.
ОДАМКУШӢ
Гумонбари ҷиноят дастгир шуд
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти зани 23 - солае хабар дод, ки дар қатли ҳамсараш гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, зани боздоштшуда, сокини Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич буда, 11 июли соли ҷорӣ бар асари рашк шавҳарашро бо корд ба қатл расондааст. Ин амали ваҳшиёна дар дили шаб ҳангоми хоб будани шавҳар, ки аз ӯ марди 27 – сола ном бурда мешавад, содир шудааст.
Феълан оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
МУБОДИЛАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Долларфурӯшон ба даст афтоданд
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони инфиродӣ Маҳмадалӣ Мусулмонов ва Сунатулло Мирзоевро, дар шаҳри Ҳисор барои муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ дастгир намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, боздоштшудаҳо дар шаҳри Ҳисор як нуқтаи ғайриқонунии мубодилаи асъор ташкил намуда, алайҳи муқаррароти қонун фаъолият кардаанд. Дар натиҷа ҳангоми мубодилаи ғайриқонунӣ асъори хориҷӣ ба маблағи 3000 доллари амрикоӣ ба даст афтоданд.
Оид ба ин ҳолат нисбат ба М. Мусулмонов ва С. Мирзоев бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба прокуратураи шаҳри Ҳисор ирсол гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2019 №: 134 Мутолиа карданд: 1022