logo

иқтисод

БЕОБӢ. МОДАРПРОБЛЕМАЕ, КИ СОКИНОНИ ДАЛЁНИ БОЛОРО НИГАРОН КАРДААСТ

Далёни Боло яке аз калонтарин деҳаҳои наздикӯҳии ноҳияи Деваштич ба шумор рафта, дар ҷои хушманзараи хушбоду ҳаво, 8 километр поёнтар аз силсилакӯҳи Туркистон ва 50 километр дуртар аз маркази ноҳия, доман паҳн кардааст. Арчазорони махмалин, хониши кабкҳои дарӣ, шилдироси обҳои тозаи чашмасорони ин мавзеи дилпазир ҳар бинандаро мафтун месозанд. Дар сояи арчазорони сабзу хуррами он нишаста, аз насими фораму рӯҳафзои кӯҳӣ нафас кашидан ба кас ҳузуру ҳаловати бепоён мебахшад. Мавзеи Шаршараи дараи деҳа минтақаи хуби сайёҳист.
Заминҳои деҳаи Далёни Боло зардхоканд. Деҳқонони деҳа, асосан, аз кишти тирамоҳӣ - дар ҳолати пас аз шудгор об мондан ҳосили дилхоҳ мегиранд. Зеро ба гуфтаи мутахассисон, дар деҳа кофтани чоҳҳои амудӣ хеле гарон меафтад. Оби зеризаминӣ дар чуқурии зиёда аз 100 - 150 метр ба миқдори хеле кам мавҷуд буда, барои кофта баровардани он маблағи калон зарур аст. Аз сабаби камобӣ қариб 80 дарсади хоҷагиҳои инфиродии деҳа кишти тирамоҳӣ гузаронда наметавонанд. Аз норасоии об аз юнучқа ба ҷойи 3 - 4 маротиба соле як бор ҳосил мегиранд. Тобистони соли гузашта кишти картошкаи сокинон аз нарасидани об пажмурда шуд ва онҳо ҳосили хеле паст гирифтанд.
Дар хоҷагии инфиродии деҳа чор бригада амал мекунад. Дар мавсими обдиҳӣ ҳар як бригада 4 - 5 - рӯзӣ бо навбат об мегиранд ва ба  ҳар як хоҷагӣ пас аз ду ҳафта навбат мерасад. Дар натиҷа, киштзори зироат пажмурда шуда, аз нашъунамо мемонад ва ҳосили ночиз медиҳад. Дар моҳҳои июл - август пас аз об шудани барфи кӯҳ миқдори об камтар мешавад, яъне бисёр хоҷагиҳои инфиродии деҳа кишти тирамоҳӣ гузаронда наметавонанд. Мардуми деҳа зодгоҳи худро, ки як гӯшаи Тоҷикистони азиз мебошад, дӯст медоранд. «Агар об бошад,  деҳаамонро ба гулистон табдил медиҳем. Дар қатори дигарон бодиринг, сабзӣ, пиёз, картошка, нахӯд, маҳсар, зағир, кунҷид ва дигар зироатҳо кошта, боғҳои нав бунёд мекунем», - мегӯянд онҳо.
Қариб ҳамаи аҳолии деҳа хӯрокаи чорво (пахол, коҳ), инчунин, сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, нок, себ ва дигар меваю сабзавотро аз бозор мехаранд. Ҳар рӯзи панҷшанбе савдогарон ба бозори деҳа бо мошинҳо коҳ, тойбанд ва юнучқа меоранд ва як дона тойбанди пахол ва юнучқаро бо нархи хеле гарони 20 - 25  сомонӣ ва як мошин коҳро 800, 1000 ва 1200 сомонӣ мефурӯшанд. Баъзан мардуми деҳа як дона тойбандро бо нархи 40 сомонӣ мехаранд. Касе нест, ки лаҷоми чунин хошокҷаллобонро  кашад. Як дона тойбандро ба охури гов ду ё се бор мерезанду халос. Нархи хӯрокаи чорво  аз нархи хӯрокаи инсон 4 - 5 маротиба зиёд шудааст.
Дуртар аз деҳа ду адири баланде воқеъ аст, ки оби аз кӯҳ омада аз байни онҳо гузашта ба деҳа меояд. Ин мавзеъро мардум Тангӣ мегӯянд, яъне ҷойи танг. Агар пеши поёноби ин ду баландӣ баста шавад, сарбанди на он қадар калон ба вуҷуд омада, дар фасли тирамоҳу зимистон оби зиёдатӣ дар дарғот ҷамъ мешавад. Оби захирашударо ба воситаи дарвозаҳои махсус ба чор бригада, ки ҳар яке қариб 400 хоҷагӣ доранд, тақсим кардан имконпазир  аст.
 Лоиҳаи обанбори деҳаи Далёни Боло ҳанӯз солҳои 70 - уми асри XX аз тарафи кормандони Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» тартиб дода шуда бошад ҳам, 50 сол гузашту аз сохта шудани обанбор то ҳол дараке нест. Орзуи деринаи аҳолии деҳа амалӣ нашуда истодааст. Деҳаи мазкур 15 километр болотар аз обанбори "Каттасой"-и шаҳри Истаравшан воқеъ аст. Бо ба истифода додани обанбор зиёда аз се ҳазор гектар замин обёрӣ карда хоҳад шуд ва барои кишти картошка, зироатҳои полизӣ, инчунин, бунёди боғҳои нав шароити мусоид ба вуҷуд меояд. Алҳол аз камобӣ ҳамаи боғҳои куҳнаи деҳа аз истифодабарӣ бозмондаанд. Агар обанбор сохта шавад, на танҳо аҳолии деҳаи Далёни Боло, балки деҳаи Далёни Поёни Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ҳам, аз оби он баҳраманд мешаванд. Оби шаффофи обанборро чун оби ошомиданӣ истифода бурдан мумкин аст. Сохтмони обанбор боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мешавад, ки барои  таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мустаҳкаме хоҳад гузошт.
Чанд сол пеш дар байни мардуми деҳа овозае паҳн шуда буд, ки гӯё аз сохта шудани обанбори нав захираи оби обанбори «Каттасой» кам мешуда бошад, ки ин фикр тамоман ғалат аст. Чунин фикри ғалатро шахсоне бофта баровардаанд, ки онҳо ободии деҳаи моро намехоҳанд. Ба обанбори «Каттасой», асосан, оби зиёдатии ноҳияи Шаҳристон ба воситаи канали бетонӣ аз минтақаи Калининободи ноҳияи Деваштич ҷорӣ мешавад ва обанбор дар фасли тирамоҳу зимистон аз об пур мешавад. Оби ҷӯйи Далёни Боло, ки хеле кам аст, ба обанбори «Каттасой» рафта намерасад. Оби зиёдатии ин ҷӯйро дар фасли тирамоҳу зимистон сойи калони деҳа, ки  васеъгиаш 100 метр аст ба худ ҷабида мегирад ва 15 километр  болотар аз обанбори шаҳри Истаравшан хушк мегардад.
Мардуми деҳа умед доранд, ки ин мушкилу ранҷи онҳо рӯзе ба поён мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 - ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар доираи ин иқдом ҳамарӯза дар гӯшаю канори мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъат мегиранд.  Тамоми аҳолии деҳаи Далёни Боло аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва комёбию дастовардҳои нав ба нав ифтихор дошта, боварии комил доранд, ки албатта, проблемаи камобии деҳаи мо низ ҳалли худро меёбад. 
Тӯйчӣ ПӮЛОДОВ,
омӯзгори деҳаи Далёни Болои
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 1056
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед