иқтисод
CASA – 1000. ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА БАРРАСӢ ШУД
Татбиқи лоиҳаи азими минтақавии интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба ҷумҳуриҳои Покистон ва Афғонистон – CASA – 1000, ки таваҷҷуҳи на танҳо сокинони минтақа, балки ҷаҳониёнро ҷалб кардааст, марҳила ба марҳила суръати тоза мегирад.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои аъзои лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон ва гурӯҳҳои корӣ, ки бо иштироки намояндагони шарикони рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Департаменти давлатии ИМА, Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии ИМА (ЮСАИД), Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Хазинаи рушди Кувайт, Хартияи энергетикӣ, Барномаи минтақавии ҳамкориҳои энергетикӣ ва созмону ниҳодҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, натиҷаи корҳои лоиҳакашию иктишофии баанҷомрасида, амалисозии тадбирҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла экологӣ), истеҳсоли (ё дархости истеҳсоли) ашёву таҷҳизоти барқии зарурӣ, ёрии шарикони рушд дар бахши кафолати истеҳсолӣ ва паҳлуҳои дигари раванди татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш ҳайати бонуфузи мутахассисон зери роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Усмоналӣ Усмонзода намояндагӣ намуд.
Тавре роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод, зимни баррасии раванди татбиқи қисматҳои тоҷикистонии лоиҳа оид ба анҷом ёфтани ҷудосозии қитъаҳои замин барои сохтмон ва тадқиқоти геологӣ дар мавзеъҳои сохтмони зеристгоҳҳо, ба охир расидани корҳои лоиҳакашию иктишофии бунёди хатҳои интиқоли барқ, оғози истеҳсоли асбобу таҷҳизоти барқӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва омода шудани арзёбии таъсири лоиҳа ба муҳити зист гуфтугӯ ҷараён гирифт. Дар баррасии масъалаҳо аъзои ҳайати кишвар фаъолона ширкат варзида, пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Аз гузориши ҳайатҳои давлатҳои дигари аъзои лоиҳа – Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон маълум гардид, ки дар ин кишварҳо низ корҳои иктишофию лоиҳакашӣ ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ба анҷом расида, истеҳсоли (ё ирсоли дархост барои истеҳсоли) асбобу таҷҳизоти барқӣ оғоз гардидааст ва баъзе асбобу таҷҳизоти даркориро, аллакай, ба мавзеъҳои сохтмонӣ овардаанд.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, кишварҳои аъзо корҳои муайянро ба анҷом расонда, ҷиҳати вусъат бахшидани раванди сохтмон чораҳои муассир меандешанд, ки ин аз ҳавасмандии комил ба татбиқи лоиҳа гувоҳӣ медиҳад.
С. РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.2019 №: 136 Мутолиа карданд: 1372