сиёсат
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъйин гардиданд, иброз доштанд, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии одӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа талаб карда мешавад.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва хориҷӣ таъйин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсус, муовини аввал ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва сохтори марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат гирифтанд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ ва камбудиву норасоӣ дар фаъолияти роҳбарон ва хизматчиёни воҳиду сохтори низомиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди ҳар як роҳбар ва масъули соҳа ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти шаффоф ва дар чорчӯбаи қонун ба роҳ мондани фаъолияти кории хизматчиёни низомӣ ва давлатӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як мутахассис вобастагӣ дорад.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз шароити хубу мусоиди таълиму тарбия, обутоби бадан дар қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ таъкид карда, барои пурра решакан кардани омилҳои номатлуб, аз қабили ришваситонӣ, зӯроварӣ, тасарруфи молу ашёи давлатӣ ва мубориза бар зидди омилҳои қонунвайронкуниҳо ба масъулони соҳа супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2019 №: 137 Мутолиа карданд: 900