logo

сиёсат

МҲТБО. РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАВРАИ НАВИ РУШДУ ҲАМГИРОӢ ХОҲАД БУД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир ҳамчун кишвари ташаббускору рӯ ба инкишоф муаррифӣ шудааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.

Ин ҳақиқати бебаҳс борҳо аз забони сиёсатмадорону коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар маҳофили гуногун садо додааст. Аз ҷумла, баҳои баланди сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногун оид ба нақш ва мақоми кишвари мо дар ҳалли масоили глобалӣ, тақвияти ҳамгироӣ зимни ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки бо иштироки 27 мамлакати қора дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар ба чашм хӯрд.
Агар ба вижагиҳои нишасти МҲТБО назар андозем, маълум мегардад, ки сиёсатмадорону коршиносони дохилию байналмилалӣ ин ҳамоишро аз дидгоҳҳои гуногун шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ба андешаи мо, таъмини амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию экологӣ ва дарёфти усулҳои таъмини рушди устувори қитъаи Осиё аз ҷумлаи ҳадафҳои ин созмони бонуфузи минтақавӣ ба шумор меравад.
Гарчанде Осиё аз лиҳози боигариҳои табиӣ ва нуфузи аҳолӣ назар ба дигар қитъаҳои олам манзалати зиёд дошта бошад ҳам, аммо он дар миқёси ҷаҳон нооромтарин минтақа маҳсуб меёбад.  Вобаста ба ин андеша, агар нигоришҳои матбуотиро таҳлил намоем, маълум  мегардад, ки зарурияти фаъолияти ин машварат аввалан таъмини амният ва баъдан расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола мебошад. Дар чунин ҳолат,  ҳар як кишвари қитъаро  зарур аст, ки мақоми ин машваратро  таҳлилу таҳқиқ  намуда,  самтҳои ҳамкории судманди худро дар  раванди ҷаҳонишавӣ муайян намоянд. Дар ин сурат МҲТБО барои рушди қора на танҳо кумак, инчунин, такон мебахшад. Зеро он дар байни кишварҳо таъмини амнияти сиёсию иқтисодиро кафолат медиҳад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин машварат дар шакли  консепсиум ҳанӯз соли 1992 аз тарафи собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев таҳия   шуда буд. Ҳукумати Чин дар иртибот ба ин машварат, тарҳи «Як камарбанд - як роҳ» - ро рӯи кор овард, ки, дақиқан, он метавонад байни кишварҳои машваратӣ ҳамчун катализатор дар таҳкими ҳамкориҳои судманд хизмат намояд. Чун сухан дар атрофи ин масъала ҷараён мегирад, як нукта қобили зикр аст, ки навсозии соҳаҳои иқтисодиёт ба Чин имкон дод, ки модели нави рушди иқтисодии кишвари хешро қабул намояд ва ба яке аз мамлакатҳои муқтадири ҷаҳон табдил ёбад. Ба ибораи дигар, Чин ба туфайли ин ислоҳот ба кишвари азими истеҳсолкунанда мубаддал гардид. Ин тамоюли иқтисодӣ  на танҳо барои қитъаи Осиё, балки дар саросари олам падидаи нодиртарин маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Мардумии Чин иддаои бархе давлатҳо дар мавриди характери сиёсӣ доштани тарҳи «Як камарбанд - як роҳ» - ро рад мекунад ва мегӯяд, ки он характери иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ, мо низ дар доираи ин тарҳ метавонем ба рушду тараққиёти бештар даст ёфта, бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ модели тоҷикии инкишофи иқтисодиро таҳия ва қабул намоем.
Яке аз ченакҳои асосии МҲТБО масоили муҳити зист ва ҳалли муаммоҳои экологӣ дар сатҳҳои гуногун аст, ки зимни ҳамоиши навбатӣ ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Зимни нишаст сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои узви машварат муаммоҳои экологиро ба миён гузошта, хостори он шуданд, ки дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, нестшавии олами набототу ҳайвонот, ҳалли масоили вобаста ба об ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба он, обшавии пирияхҳо ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Дарвоқеъ, бартарафсозии ин мушкилот дар сатҳи қитъа зарурати ташаккул додани консепсияи сиёсати экологиро ба миён мегузорад ва ташаккули консепсияи сиёсати экологӣ дар навбати худ ба ташаккули маърифати экологӣ мусоидат менамояд. Маърифати экологӣ бошад, ба гуфтугӯи тамаддунҳо асос мегузорад. Чунин раванди коргузорӣ имкон медиҳад, ки қатъномаҳои қабулнамудаи СММ дар байни кишварҳои Осиё бештару самарабахш амалӣ шаванд.
Тоҷикистон кишвари ташаббускори масоили об дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Ин омил барои Тоҷикистон зарурати модернизатсияи ҳамкориҳоро баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба миён мегузорад. Дар чунин ҳолат, кишвари мо метавонад дар таҳкими ҳамкориҳо вобаста ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ нақши бештару муассиртар дошта бошад.
Натиҷаҳои ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 14 – 15 июни соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат доир шуд, дар ҳалли масоили минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои қитъа, мубориза бо хатару чолишҳои замони муосир баланд арзёбӣ шуд, ки метавонад дурнамои хубу созанда дошта бошад. Аксаран, бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои судманди нишаст, изҳори бовар намуданд, ки раёсати Тоҷикистон дар МҲТБО давраи нави рушди ҳамкориҳо ва иттиҳоду ҳамгироии кишварҳои Осиё хоҳад буд.
Ҳасан АСОЕВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2019    №: 138    Мутолиа карданд: 997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед