сиёсат
БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
19 июл аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расиданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда”, “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда, бо оби тозаи нӯшокӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ, пешгирии воридоти дорувории пастсифат, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба интихоботи озоду шаффоф ва беҳбуди зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар матбуоти расмии кишвар интишор мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.07.2019 №: 138 Мутолиа карданд: 906