сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо бо таманниёти сидқӣ сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбод карда, дар шахсияти ӯ ба мардуми Ӯзбекистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди бомароми шарикии стратегии миёни ду кишвар нақши муассири Шавкат Мирзиёевро дар пешбурди ин раванди созанда махсус таъкид карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонашон иброз доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2019 №: 141 Мутолиа карданд: 995