logo

иқтисод

«РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР БА МАНФИАТИ ОЯНДАИ КИШВАР АСТ»

Суҳбати мо бо Рустам Бобоҷонов, мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ ва бахши иҷтимоии иқтисодиёти Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз муаллифони «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030», оид ба ҷараёни амалишавии  Ҳадафҳои Рушди Устувор 2030, аз ҷумла ҳадафи 4-уми он дар Тоҷикистон, сурат гирифт.
-  Тоҷикистон яке аз кишварҳои узви СММ аст, ки 17 ҳадафи рушди устувор - Барномаи ҷаҳониро барои солҳои 2016 - 2030 оид ба барҳам додани камбизоатӣ ва таъмини ояндаи устувор пазируфтаву омодагии худро барои татбиқи он дар кишвар изҳор доштааст. Айни ҳол бар асоси вазифаҳои дар ин ҳадафҳо муайяншуда дар ҷумҳурӣ кадом барномаҳо амалӣ мегарданд?
-  Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид  уҳдадориҳоеро вобаста ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бар дӯш гирифтаву иҷро мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ин Барномаи ҷаҳонӣ дар асоси пешниҳодҳои худи кишварҳо сохта шудааст. Барномаи пешинаи СММ - Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (2001-2015) дар доираи СММ ҳамраҳи шарикон таҳия шудаву ба кишварҳо пешниҳод гардида буд. Дар тартиб додани он ягон кишвар иштирок надошт. Ин дафъа баръакс, ҳамаи пешниҳоду талаботи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда, ҳадафҳову интизориҳои онҳо дар сессияи Ассамблеяи СММ тасдиқ гардиданд ва барои таҳияи барномаи ҷаҳонӣ истифода шуданд.
Мо дар кишвар Қонун «Дар бораи дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дорем. Мувофиқи ин қонун моҳи сентябри соли 2016  «Консепсияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2050 - ум» қабул шуда буд. Ҳуҷҷати баъди ин тасдиқшуда «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраи то соли 2030» аст, ки аз ин консепсия ҳосил гаштаву се барномаро дар бар мегирад. Дар доираи ин стратегия барои 5 соли аввал «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020» тартиб дода шудаву амалӣ мегардад. Яъне, вазифаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Тоҷикистон айни замон дар чорчӯби «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраи то соли 2030», ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор пурра мувофиқат мекунад, тавассути амалишавии ин Барномаи миёнамуҳлат иҷро мегардад. Бояд бигӯям, ки дар стратегия ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалии мо ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ноилшавӣ ба рушди кишвар аст. Аммо ҳар кишвар иҷрои вазифаҳои он ҳадафҳоеро ба уҳда гирифтааст, ки бо масъалаҳои ҳалталабаш  мувофиқанд. Мо ҳам чунин кардем. Баъзе масъалаҳое, ки дар стратегияи мо нишон дода нашуда буданду дар вазифаҳои ҳадафҳо инъикоси худро ёфтаанд ва иҷрояшонро зарур донистем, ба стратегия иловатан дохил намудем ва амалӣ мекунем. Яъне, мо барои ноилшавӣ ба ҳадафҳое  саъй мекунем, ки ҷиҳати рушди кишвар заруранд. Дар мавриди шохисҳо, ё гӯем  индикаторҳо, низ чунин аст. Аз 232 шохиси вобаста ба вазифаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки расман қабул шудааст, Тоҷикистон 202 - тоашро пазируфтааст.
- Барномаи миёнамуҳлат соли чаҳорум аст, ки амалӣ мешавад. Рафти иҷрои он боре арзёбӣ гардидааст?
- Соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот оид ба натиҷаи амали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар солҳои 2016 - 2017ва дар доираи он натиҷаи кори дусолаи Барномаи миёнамуҳлат шунида шуд. Зикр гардид,  корҳоеро, ки дар муҳлати ду сол барои иҷрояшон фурсат камӣ кард, то охири соли 2020 бояд ба анҷом расонд. Вобаста ба ин барои пешрафти кор дар амалишавии Барномаи миёнамуҳлат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои судманд  дода шуданд.
- Ҳадафи 4 – «Таъмини таҳсилоти босифати фарогиру одилона ва мусоидат барои имконоти омӯзиш дар тӯли ҳаёт барои ҳама» унвон дорад. Вазифаҳои он дорои  шохисҳои марбути худ дар сатҳи глобалианд, яъне барои ҳамаи кишварҳо умумианд. Расидан ба ин шохисҳои вазифаҳо - расидан ба ин ҳадаф аст. Дар марҳилаи аввал иҷрои кадом корҳо дар назар дошта шудааст, ки моро ба ноилшавӣ ба ин ҳадаф наздик хоҳад кард?
- Дар ин марҳила таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои на танҳо ҳадафи 4-ум, балки ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Устувор талаб карда намешавад. Самаранокӣ бахшидан ба иҷрои ҳадафҳо дар марҳилаи оянда ба нақша гирифта шудааст. Масалан, вазифаи 5 - уми ҳадафи 4 - умро  гирем:
«То соли 2030 аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ дар соҳаи маориф ва таъмин намудани дастрасии баробар ба таҳсилот ва тайёрии касбию техникии ҳамаи сатҳҳои мавҷуда барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, намояндагони халқҳои таҳҷоӣ ва кӯдаконе, ки дар ҳолати осебпазирӣ қарор доранд».
Талабот дар мавриди иҷрои ин вазифа дар марҳилаи аввал чунин аст, ки  мо бояд ба ҳамаи ин номбаршудагон дастрасии босуботро ба таҳсилот ва тайёрии касбӣ таъмин кунем. Барои таъмини ин дастрасӣ, масалан, таҳия ва тасдиқи Низомнома оид ба таъсис ва фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ доир ба идоракунии рушди низоми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар назар дошта шуда буд. Низомномаи дахлдор тасдиқ шудааст, ки шохиси, яъне нишондиҳандаи ин чорабинӣ маҳсуб мешавад. Зарурати таҳия ва татбиқи Барномаи миёнамуҳлати таълимоти касбии калонсолон низ ба миён омада буд. Барнома тасдиқ ва мониторинги он таъмин гардидааст. Таҷрибаи гузарондани таҳқиқот назарпурсиҳо оид ба паҳлуҳо ва тамоилҳои рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) роҳандозӣ шудааст. Дар ин муддат «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2023», «Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» амалӣ шуда истодаанд. Соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул гардид. Дар он таҳсилот ва омӯзиш дар тӯли ҳаёт чун принсипи асосии низоми таҳсилоти калонсолон зикр гардидааст. Дар лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон таҳия мегардад, аввалин бор ба таҳсилоти фарогир фасли алоҳида бахшида шудааст.
Бояд бигӯям, барои ноилшавӣ ба сатҳи беҳтари зиндагии мардуми кишвар вусъатдиҳии кор дар самти шуғли пурмаҳсул муҳимияти хосро дорост ва корҳое дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин бобат иҷро мешаванд, ки созгор бо ҳадафи 8 - уми Ҳадафҳои Рушди Устувор «Мусоидат ба рушди доимӣ, фарогир ва устувори иқтисодӣ, шуғли комилу пурмаҳсул ва кори шоиста барои ҳама» аст.  Ҳамаи ин чорабиниҳо ва шохисҳои онҳо  дар Матрисаи амалиёт нишон дода шудаанд.
- Дар расидан ба ин ҳадаф ва ҳадафҳои дигари рушди устувор метавонем бигӯем, ки саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ кам нестанд?
- Бале. Аз тарафи ин ташкилотҳо дар доираи даҳҳо лоиҳаҳои гуногун корҳои зиёде, аз ҷумла дар шарикӣ бо сохторҳои давлатӣ  ба анҷом расидаанд. Масалан, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» (АТКТ), Созмони занони маъюб «Иштирок» барои мутахассисони соҳаи таълими калонсолон омӯзиши  серӯза дар мавзӯи «Таҳсилоти фарогир ва малакаҳои касбӣ барои ҷавонони маъюб» гузаронд. Хулосаи мухтасари тадқиқот оид ба «Арзёбии эҳтиёҷот ба касбомӯзии ҷавонони маълул дар робита бо таҳлили бозори маҳаллии меҳнат (Душанбе, Панҷакент, Рашт)» дар шакли китобча нашр гардид. Инчунин, оид ба шуғли пурмаҳсул таъмин намудани ҷавонони маъюб варақаи иттилоотӣ чоп шуд. АТКТ тариқи ВАО ба мардум дар бораи ҳадафи 4 ва вазифаҳои он маълумот медиҳад. Инчунин, ассотсиатсия оид ба ин мавзӯъ дар шаҳру навоҳии кишвар 5 суҳбати мизи гирд доир намуд. Дар яке аз чунин ҷаласаи мизи гирд раиси Бунёди дастгирии таҳсилот ва таълимоти  касбӣ дар Тоҷикистон, профессор Субҳон Ашӯров мавзӯи «Шохисҳои имконпазири арзёбии сифат ва сатҳи фарогирии  таҳсилот» ва камина мавзӯи «Усули миллигардонии/маҳаллигардонии  шохисҳои  Ҳадафи 4» – ро муаррифӣ намудем.
- Иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016 -2020» кай натиҷагирӣ мешавад?
- То охири соли 2020 натиҷаҳои бадастомадаи Барномаро ҷамъбаст мекунем. Баъд он дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Агар коре дар доираи ин барнома иҷро нашуда, ё пурра амалӣ нагардидааст, боке нест. Муҳим он аст, ки мо динамикаи инкишоф, яъне ҷараёни инкишофашро дошта бошем ва донем, ки дар панҷсолаи оянда кадом корҳоро бояд анҷом диҳем.
Мусоҳиб Талъат НИГОР


Матлаб дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки аз тарафи Намояндагии DVV International (Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон) дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии АТКТ ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад, омода ва нашр гардидааст. Масъулияти мундариҷаи матлаб бар дӯши муаллиф аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 1388
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед