барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА РАИСИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ҶУМҲУРИИ ТУНИС МУҲАММАД АН-НОСИР
25 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад ан-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли андуҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ – Президенти Ҷумҳурии Тунис – Ал - Боҷӣ Қоид ас-Сибсиро дарёфт намудам.
Марҳум дар маснади Президенти кишвар барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Тунис хизматҳои назаррас анҷом дода буд.
Бинобар ин талафоти бузург, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2019 №: 143 Мутолиа карданд: 5798