logo

ҳуқуқ

ИСЛОҲОТИ СУДӢ. ЭЪТИМОДИ МАРДУМ ҚАВӢ МЕГАРДАД

Дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, таъмини адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун вазифаи асосии мақомоти судӣ маҳсуб меёбад. Судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои ин рисолат муқаррароти Конститутсия ва дигар қонуну санадҳоро сармашқи кори худ қарор дода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор корҳои муҳимро ба сомон расонданд.
Ба иттилои Мавлуда Қаландарзода, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи омӯзиш ва таҳлили фаъолияти корӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ нишон медиҳад, ки дар шаш моҳи аввали соли равон ба судҳои иқтисодӣ 1888 аризаи даъвогӣ  ва шикояту дархост ворид гардида, аз он 1153 парванда дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ  шудаанд. Истеҳсолот доир ба 66 парванда қатъ, 73 ариза бебаррасӣ, 2 парванда аз рӯи тобеият ирсол шудааст. Беш аз 300 ариза бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан баргардонда шуданд. Шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда 1660 ададро ташкил медиҳад.
Бо мақсади таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи судӣ китоби «Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавии иқтисодӣ», ки аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ омода шудааст, ба чоп расида, барои истифода ба судяҳо ва кормандони суд дастрас гардид. Инчунин, лоиҳаи қарори пленуми Суди Олии иқтисодӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва дигар лоиҳаҳо марбут ба такмили қарорҳои пленум омода ва барои мувофиқа ба мақомоти давлатӣ равон шуданд.
Доир ба рӯёндани зарар ва маблағҳое, ки аз муносибатҳои қарзӣ бармеоянд, дар судҳои иқтисодӣ дар ин давра талабот нисбат ба беш аз 99 миллион сомонӣ қонеъ гардида, маблағи наздик ба 2 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнда шудааст.
Таъмини иҷрои санадҳои судӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар давраи сипаришуда беш аз 53 миллион сомонӣ маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари расондашуда иҷро шудааст.
Дар татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ саҳмгузор буда, 164 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин ҳисоб дар 130 ҳолат қонунвайронкунӣ ошкор шуда, барои бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расондааст, бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъйиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол шудааст.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар судҳои ҷумҳурӣ бо далели кам будани воҳидҳои корӣ ва шумораи судяҳо сарборӣ зиёд мушоҳида шуда, ин омил дар баъзе ҳолатҳо боиси кашол ёфтани баррасии парвандаҳо мегардад. Зеро сол ба сол шумораи баҳсҳо ва қазияҳои судӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд. 
Мавлуда Қаландарзода дар посух ба суоли хабарнигори «Ҷумҳурият» роҷеъ ба ин масъала изҳор дошт, ки имрӯз дар ҳақиқат сарборӣ дар судҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла судҳои иқтисодӣ, зиёд ба назар мерасад. Яке аз мақсадҳои таҳияи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 - 2021 низ ба танзим даровандани сарборӣ аст. Дар ҷараёни амалишавии ин барнома пуррасозии ҳайати судҳо ҳалли худро хоҳад ёфт.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 1287
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед