ҳуқуқ
ОИЛА БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ
Таҳти ҳамин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон” ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо семинари омӯзишӣ баргузор шуд, ки дар он иҷрои нақша - чорабиниҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2023 баррасӣ гашт.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳадафи асосии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 - 2023 пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
- Барномаи мазкур ба таъмини татбиқи самараноки механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардондани системаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини пойдории оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронда шудааст, - гуфт Азимҷон Сайфиддинов.
Сайёҳат Дӯстизода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия, бо нигаронӣ изҳор намуд, ки дар нимсолаи аввалаи соли ҷорӣ 207 оила ҷудо гардидааст, ки ин шумора дар қиёс ба соли гузашта 7 ҷуфт зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки барномаи номбурда баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масоили оилавӣ, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила дар масъалаҳои молу мулкию маънавӣ, инчунин, ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.
Маҳмуд БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.07.2019 №: 144 Мутолиа карданд: 1098