logo

иқтисод

ҲАШАР. АГАР ДИЛ БАРОИ ВАТАН ҶӮШ ЗАНАД...

Дар ноҳияи Деваштич корҳои ободониву бунёдкорӣ ва таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми майи соли 2018 “Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” авҷи тоза гирифтаанд.
Дар ноҳия ба тариқи ҳашар бунёд намудани иншоот ва биноҳои таъйиноти гуногун ба ҳукми анъана даромадааст. Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон, афроди саховатпеша ва бо иқдоми сокинони деҳаҳо бунёди муассисаҳои таълимию табобатӣ, майдончаҳои варзиш, кӯпрукҳо, таъмири роҳҳо ва дастгирии оилаҳои ниёзманд  вусъати тоза пайдо кардааст.
Метк яке аз деҳаҳои дурдасттарини ноҳия ба шумор рафта, зиёда 4,5 ҳазор аҳолӣ дорад. Айни ҳол дар Метк сохтмони ду кӯпрук идома дорад. Як пул бо ибтикори сокини деҳа,  марди саховатманд  Урунбек Ҳоҷиев  бо маблағи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ  рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Дарозии кӯпрук 20 метр ва бараш 5,5 метр мебошад. То имрӯз 90 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд. Ба иттилои масъулон, модари Ҳоҷиев Урунбек - Ҳоҷиева Норбибӣ  маблағи барои ҳаҷи фарзӣ ҷамъовардаашро ба сохтмони кӯпрук бахшид.  Кӯпруки дуюм бошад, аз тарафи сокинони маҳаллаи Ҳисорако бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ бо дарозии 10 метр ва паҳноии 4 метр сохта мешавад.
Дар деҳаи Қалъаи Мирзобойи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат мумфаршсозии роҳи беморхонаи ноҳиявии № 1 оғоз ёфт. Дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ сохтмони 11 иншооти ҷашнии тарҳрезишуда, аз ҷумла таваллудхонаи марказӣ, маркази адлия, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Деваштич, бомаром идома дорад.
Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Боло сохтмони бинои беморхонаи ноҳиявии № 5 вусъат мегирад. Беморхона бо ташаббуси шахси саховатпеша Садрӣ Файзиев бунёд шуда, арзиши умумии он 5 миллиону 741 сомониро ташкил медиҳад. Он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, касалиҳои дарунӣ ва бачагонаро дар бар мегирад.
Дар маҷмӯъ, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 10 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи табобатӣ, 20 нуқтаи хатнакунӣ,  64 сартарошхона ва толори ҳусн, 31 майдону толори варзиш, боғи истироҳатию фароғатӣ, 2  китобхона, 3 дорухона, 15 ҳаммом, 10 маркази савдо, 65  маркази хизматрасонӣ, 2 майдончаи бозии кӯдакон ва 71 иншооти дигари иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.
Маратҷон ҶАББОРОВ, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед