ҳуқуқ
БАДАХШОН. ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ НОБОЛИҒОН АЗ МАСЪАЛАҲОИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД
Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 ҷиноят бо иштироки 7 ноболиғ сабт шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба 885 нафар волидон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва 567 падару модар ба маблағи 32328 сомонӣ ҷарима шуд. Нисбат ба 190 нафар падару модар огоҳӣ татбиқ гардида, 108 парванда мавриди баррасии судҳо қарор дорад.
Ин нуктаро Ғайратшо Муборакшозода, муовини якуми сардори РВКД дар ВМКБ, зимни ҷаласаи комиссия доир ба чорабиниҳои профилактикӣ - фаҳмондадиҳӣ ва таъсиррасонии ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли равон баён дошт. Ӯ изҳори ташвиш кард, ки байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба ном “лидерҳо” пайдо шуда истодаанд, ки ба муноқишаҳои байни синфҳо ва мактабҳо сарварӣ мекунанд. Ин ҳолат ба афзоиши ҷинояткорӣ байни ноболиғон оварда мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Гулзоров, сармутахассиси бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки вилоят, доир ба натиҷаҳои фаъолияти комиссияи вилоятӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра комиссия дар ҳамбастагӣ бо идораву муассисаҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳавӣ корҳои муайянеро анҷом дод. Дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, зарари нашъамандӣ, суиқасд ба ҷони худ ва ғайра вохӯриву суҳбатҳо гузаронда шуданд.
Дар машварат фаъолияти комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ интиқод шуданд. Ҳамчунин, доир ба ҳодисаҳои ҷалби ноболиғон ба кор, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо масъаларо таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор диҳанд, то пеши роҳи қонуншиканиҳо гирифта шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.07.2019 №: 145 Мутолиа карданд: 1001