қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ. 2., мод.1017; с.2009, №3, мод.89; с. 2011, №3, мод.178, №6, мод.444; с.2015, №3, мод.220, №11, мод.961, мод.962; с.2016, №3, мод.144, мод.145; с.2017, №7-9, мод.574) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаҳои «асноди ҳолати шаҳрвандӣ» калимаҳои «қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулки шаҳрвандон» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «ба манфиати давлат ва ҷамъият» калимаҳои «, аз ҷумла бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» илова карда шаванд.
3. Моддаи 42 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 42. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо
1. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо бо дастурамали аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида танзим карда мешавад.
2. Тартиби аз ҷониби муассисаҳои консулӣ гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо Оинномаи Консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дастурамали тартиби аз ҷониби консул анҷом додани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.».
4. Ба моддаи 5 қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«5. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар як вақт дар шакли қоғазӣ ва ҳуҷҷати электронӣ тартиб дода шуда, бо имзои электронӣ-рақамии корманди ваколатдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият дароварда мешавад.
6. Сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тартиб дода шудаанд, дар низоми иттилоотии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ нигоҳ дошта мешаванд.
7. Маълумоти дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тартибдодашудаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоте мебошад, ки дар асоси он захираҳои асосии давлатии иттилоотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
8. Намунаи маълумоти дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тартибдодашудаи ба сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохилшаванда аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
5. Моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 51. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ – низоми иттилоотии давлатӣ мебошад, ки дар ҳомили қоғазӣ ва шакли электронӣ пеш бурда шуда, маълумот оид ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тағйирот вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо, маълумот оид ба дода шудани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва оид ба дода шудани иқтибос аз онҳоро дар бар мегирад.
2. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки ба Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ дохил карда мешавад, таҳти нигоҳдории доимӣ қарор дошта, нобуд сохтан ва бозпас гирифтани он иҷозат дода намешавад. Дар сурати ворид намудани тағйирот ё ислоҳот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сабтҳои қаблан воридкардашуда нигоҳ дошта мешаванд.
3. Пешбурди Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташаккул, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоот, таъсис ва роҳандозии таъминоти барномавӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи махзани иттилоотӣ, фаъолияти он, пешниҳоди дастрасии ройгон, таъмини бақайдгирии ҳамин дастрасӣ ва сабти маълумот оид ба ҳар як дастрасӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилооти дар Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷойдодашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иттилоот, маълумоти шахсӣ ва дигар стандартҳои давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ таъмин менамояд.».
6. Ба моддаи 7 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мақомоти салоҳиятдори давлатҳои ҳориҷиро, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ба имзо расонидааст, дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони давлатҳои мазкур хабардор менамояд, агар дар шартномаҳо пешниҳод намудани маълумоти мазкур пешбинӣ шуда бошад.».
7. Дар моддаи 8:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- дар сархати чорум аломати нуқта вергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- ба модда қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Муассисаҳои консулӣ саривақт сабтҳои аснодӣ ва ҳисобот оид ба амалиётҳои мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур анҷомдодашуда, инчунин огоҳиномаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба асноди ҳолати шаҳрвандиро ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.».
8. Дар моддаи 20:
- ба ҷумлаи якуми қисми 3 пас аз калимаҳои «номи падар» калимаҳои «ё номи падари падар» илова карда шаванд;
- ба ҷумлаи якуми қисми 4 пас аз калимаҳои «номи падар» калимаҳои «, номи падари падар» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 26:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Шаҳодатномаи таваллуд ба падару модар (ба яке аз онҳо) дар рӯзи додани ариза ё дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза, ки он на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод шудааст, ройгон дода мешавад.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
10. Ба моддаи 28 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Мақомоте, ки бақайдгирии вафотро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро оид ба анҷом додани бақайдгирӣ огоҳ созанд.».
11. Ба қисми 2 моддаи 36 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мақомоти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аризаро дар бораи бастани ақди никоҳ қабул намудааст, ӯҳдадор аст никоҳшавандаҳоро бо тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо ҳамчун ҳамсарони оянда шинос намуда, онҳоро оид ба оқибатҳои пинҳонкунии маълумотҳое, ки барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ монеа мегарданд, огоҳ намоянд.».
12. Дар моддаи 41:
- матни модда қисми якум ҳисоб шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- ба модда қисмҳои 2 ва 3 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«2. Дар ҳолати бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар ҷойи зисти ҳамсарон (яке аз ҳамсарон) мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадор аст дар муддати даҳ рӯз ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ оид ба бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабар расонад.
3. Дар сурати бақайдгирии давлатии бекоркунии ақди никоҳи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекоркунии ақди никоҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба бақайдгирии давлатии бекоркунии никоҳ хабар расонад.».
13. Аз матни моддаи 45 калимаҳои «бо ризоияти ҳамсари дигар» хориҷ карда шаванд.
14. Ба қисми 2 моддаи 47 пас аз калимаҳои «бекор намуданд,» калимаҳои «дар муддати 3 рӯз» илова карда шаванд.
15. Ба қисми 3 моддаи 53 пас аз калимаҳои «нави таваллудро» калимаҳои «дар муҳлати 3 руз пас аз лаҳзаи муроҷиат» илова карда шаванд.
16. Ба қисми 2 моддаи 65 пеш аз калимаи «ройгон» калимаҳои «дар рӯзи муроҷиат» илова карда шаванд.
17. Аз банди дуюми қисми 2 моддаи 69 калимаҳои «ва ғайра» хориҷ карда шаванд.
18. Ба моддаи 83 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Тартиб, шартҳо ва мӯҳлати нигоҳдории китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва китобҳои метрикӣ дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва тартиби додугирифти китобҳои мазкур ба бойгонии давлатӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 1637
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 июни соли 2019, № 1402
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 698
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.07.2019 №: 139 - 140 Мутолиа карданд: 1523