қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Қисми 2 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, 890; с. 2015, № 3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, № 3, мод. 150, № 11, мод. 883; с. 2017, № 1 - 2, мод. 21, № 5, қ.1, мод. 280; с. 2018, № 2, мод. 66, мод. 67, № 7 - 8, мод. 529; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, № 1620) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. То 31 декабри соли 2023 амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ бо меъёри 7 фоиз ва барои хизматрасонии таълимӣ бо меъёри 5 фоиз (минбаъд - меъёри пасткардашуда), ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин содироти андозбандишаванда, бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда андозбандӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Муқаррароти Қонуни мазкур оид ба амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ аз лаҳзаи интишори расмӣ ва барои хизматрасонии таълимӣ аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1644
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 июни соли 2019, № 1411
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 706
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2019 №: 141 Мутолиа карданд: 1405