logo

иқтисод

СУҒД. 100 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИНИ БЕКОРХОБИДА ШОДОБ МЕГАРДАД

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тайи шаш моҳи сипаришуда аз муваффақияти корхонаҳои саноатӣ ҳарф зада, таъкид намуд, ки кормандони соҳа ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат тавонистанд, ки дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 5 миллиарду 665 миллион сомонӣ расонанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳо 8,3 дарсад зиёд аст. Дар шаш моҳ дар вилоят 59 корхонаи нави саноатии муҷаҳҳаз бо технологияи замони муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 1734 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
- Рушди иқтисодиёт аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки дар вилояти Суғд дар ин самт назар ба солҳои пешӣ  дастовардҳо чашмрасанд. Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷии вилоят дар нимсолаи аввали соли равон  ба 1 миллиарду 11,9 миллион доллар  баробар гардид, ки нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта  наздики 8 миллион афзудааст. Айни замон вилоят бо 52 кишвари хориҷӣ робитаҳои тиҷоратӣ дорад. Дар ин муддат содироти  семент 2 баробар ва меваи тару тоза наздики  2,5 маротиба аз вилоят ба хориҷи кишвар бештар гардидааст. Ҳамчунин, ҷалби сармояи хориҷӣ 170 миллион долларро ташкил дод, ки аз ин зиёда аз 80 миллион сармояи мустақим аст. То таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мувофиқи татбиқи лоиҳаҳо дар вилоят то 200 миллион доллари ИМА ҷалб намудани  сармояи хориҷӣ пешбинӣ шудааст, - изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Зикр гардид, ки бо назардошти рушди соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти соҳа ояндаи наздик  ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани зиёда аз 100 ҳазор гектар замини бекорхобида дар мавзеъҳои Ашти Калон ва Қизилии Деваштич бо сармояи хориҷӣ дар нақша мебошад.
Раиси вилоят дар ҷараёни нишаст доир ба таҳкими ҳамкориҳо бо соҳибкорони кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон, ба эътидол омадани вазъи сарҳад байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, вусъат додани  корҳо дар ҷодаи  рушди сайёҳӣ, таъмини муътадили аҳолии вилоят бо оби ошомиданӣ, бунёди мактабу синфхонаҳои нав ва дастгирии оилаҳои  ниёзманд ба суолҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 -149    Мутолиа карданд: 1010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед