иқтисод
"ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗӢ". ОҒОЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ НАВ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи нави «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо иштироки намояндагони бахши кишоварзӣ, идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дигари марбута ҳамоиши машваратӣ доир гардид.
Тавре зикр гардид, ҳадафи лоиҳа мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди деҳот мебошад.
Саъдӣ Каримзода, директори муассиса, гуфт, ки лоиҳа дар 7 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ - Деваштич, Шаҳристон, Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Рашт ва Тоҷикобод амалӣ мешавад.
- Лоиҳа 225 деҳаро фаро гирифта, пеш аз ҳама, барои аҳолии ниёзманди деҳот, ки мехоҳанд ба фаъолияти тиҷоратии кишоварзӣ машғул шаванд, манфиатовар аст, - гуфт С. Каримзода.
Нусратулло Мӯсоев, муовини вазири кишоварзӣ, иброз дошт, ки татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои амалӣ гардидани барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла рушди кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ, заминаи боэътимод мегузорад.
- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи мамлакат пайваста таъкид менамоянд, маблағҳои сармоягузорӣ бояд дар сатҳу сифати баланд ва ба нафъи аҳолии деҳот истифода шаванд. Ин имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори кишоварзии минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Нусратулло Мӯсоев, татбиқи марҳилаҳои якуму дуюми лоиҳаҳои «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» бармало нишон дод, ки дастгирии аҳолии деҳот метавонад дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас гузорад, зеро аъзои хоҷагиҳои дастгириёфта истеҳсоли маҳсулоти босифатро афзун намуда, маҳсулоти худро ба бозор бароварданд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар гардонданд.
Дар машварат Микаил Каутту, роҳбари барномаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Олег Кучгелдиев, намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, суханронӣ намуда, оид ба самтҳои асосии лоиҳа ва роҳҳои татбиқи босамари он пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2019 №: 148 - 149 Мутолиа карданд: 1307