logo

иқтисод

ПИЛЛА. ТАЪМИНОТИ ХӮРОКА АЗ МАСЪАЛАҲОИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД

Маъракаи ҷамъоварии пилла дар арафаи анҷомёбист. Тибқи дурнамо, имсол  истеҳсоли 904,4 тонна пилла пешбинӣ шудааст. Кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрӯз 791,2 тонна пилла истеҳсол намудаанд, ки 87,5 дарсади дурнамо буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта андак зиёд аст. Ҳосилнокии миёна аз ҳар қуттӣ дар ҷумҳурӣ 36,5 килограммро ташкил дод.
Бино ба иттилои Муродсултон Шокирова, сарагрономи ҶСК «Пиллаи тоҷик», ҷамъият бо мақсади бо тухмӣ таъмин намудани кирмакпарварон аз хориҷи кишвар  21550 қуттӣ тухми кирмак ворид намуд. Пиллакорони вилояти Хатлон дар мавсими имсола аз 8496 қуттӣ тухми кирмак 376,4 тонна (96,7 дарсад) пилла истеҳсол намуданд. Ҳосили миёна аз ҳар қуттӣ  44,3  килограммро ташкил дод. Вилоят  дар пилласупорӣ  пешсаф аст. Кирмакпарварони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз, Дӯстӣ ва Кӯшониён, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, нақшаи пилласупориро дар ҳудуди вилоят нахустин шуда иҷро намуданд.
Дар вилояти Суғд  дурнамои истеҳсоли пилла 315,7 тонна (78,3 дарсад) иҷро гардидааст. Ҳосили миёна аз ҳар қуттӣ тухми кирмак  ба 30 килограмм баробар шуд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил саҳми пиллапарварони  ноҳияи Деваштич (иҷрои дурнамо 158 дарсад)  ва шаҳри Панҷакент (112 дарсад)  назаррас мебошад.
Кирмакпарварони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 2611 қуттӣ тухми  кирмак 99,1 тонна (88,3 дарсад) пилла истеҳсол намуданд ва ҳосили миёна аз ҳар қуттӣ 38 килограммро ташкил дод. Кирмакпарварони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ аввалин шуда аз иҷрои нақша мужда расонданд. Ҷамъоварии пилла дар баъзе ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Рашт ва Нуробод, идома дорад. 
ҶСК «Пиллаи Тоҷик», бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, тадбирҳои навро роҳандозӣ намуд, ки истеҳсоли пилла аз ҳосили дуюм аз ҷумлаи онҳо мебошад. Доир ба ин масъала ҷамъият бо ширкати “Сурхан ипаги”- и вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартнома бастааст ва тибқи нақша парвариши кирмак барои ҳосили дуюм аз 1 августи соли ҷорӣ бояд оғоз гардад. Тухми кирмак ба кирмакпарварон дар асоси хоҳишашон тақсим ва боқимондаи он дар парваришгоҳҳои мутамарказ таҳти назорати мутахассисони соҳа парвариш карда хоҳад шуд. Доир ба масъалаи сохтани кирмакхонаҳо, қуттӣ барои парвариши кирмак ё ворид намудани онҳо аз Ӯзбекистон бо назардошти манфиати тарафҳо гуфтушунид идома дорад.
Таъминоти кирмак бо хӯрока яке аз масъалаҳои асосист. 
- Ҷиҳати таҳкими пойгоҳи хӯрокаи кирмак соли равон дар хоҷагиҳои кирмакпарвари ҷумҳурӣ 168  ҳазор бех ниҳоли тут шинонда, 4 гектар тутзори нав бунёд гардид. Парвариши кирмак ва нашъунамои дарахтони тут дар ноҳияҳои кирмакпарвари ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии мутахассисони соҳа қарор дорад, - гуфт М. Шокирова.
Дарвоқеъ, кирмакпарварӣ  яке аз соҳаҳои сердаромаду афзалиятноки  ҷумҳурӣ  ба ҳисоб меравад. Афзун намудани истеҳсоли пилла сарчашмаи бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои коркард ва  омили бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад, яъне дар натиҷаи рушди  соҳа корхонаҳои ресандагиву бофандагӣ бо ашёи хом ва садҳо занону духтарон бо ҷои кор таъмин мешаванд. Ҳамчунин,  ташкили корхонаҳои коркарди пилла ба эҳёи ҳунарҳои суннатӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва, бо ин васила, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд. Имконият аст, ки молҳои баландсифати бирешимии ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо намоянд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 1313
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед