logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ЧӢ ГУНА СОҲАИ КИШОВАРЗИРО БА ОН МУТОБИҚ НАМОЕМ?

Дар шаҳри Душанбе, дар доираи татбиқи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва бехавфгардонии оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал, дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва асари он ба соҳаи кишоварзӣ: тадбирҳо оид ба коҳиш додани партобҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба омилҳои он” ҳамоиш барпо гардид. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва Маркази минтақавии экологӣ дар Осиёи Марказӣ аз соли 2016 амалӣ мегардад.
Дар ҳамоиш намояндагони гурӯҳи миллии ҳамоҳангсози лоиҳаи CAMP4ASB, мутахассисони бонкҳои маҳаллӣ, соҳибкорону хоҷагидорони гирандаи суб - кредит аз бонкҳо иштирок намуданд.
Шерзод Муъминов, мутахассис оид ба сармоягузорӣ ва масоили иҷтимоию иқтисодии лоиҳа, масъалаҳои кам кардани партовҳои гази гулхонаӣ дар соҳаи кишоварзиро бо истифода аз технологияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз шарҳ дод. Зикр шуд, ки солҳои ахир дар Осиёи Марказӣ ҳарорати ҳаво 1 дараҷа боло рафта, аз ин сабаб ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон то 30 дарсад коҳиш ёфт.
Лоиҳаи CAMP4ASB дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки нуфуси аҳолӣ ва истеъмоли об босуръат меафзояд, амалӣ мешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳангоми баландшавии ҳарорати ҳаво бухоршавӣ афзуда, боришот кам мегардад, аз ин рӯ, талабот ба сарфи оби иловагӣ ба миён меояд. Ҳангоми баландшавии ҳарорати ҳаво (бештар аз 40ОС) инсон ва рустаниҳо ташаннуҷи ҳароратро бештар эҳсос мекунанд. Минтақаҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон бештар осебпазиранд, дар чунин ҳолат офатҳои табиӣ зиёд мегардад оқибатҳои чунин ҳолатро ҳисоб кардан ғайриимкон аст.
Барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ солҳои 1997, 2000 ва 2008 ҳамчун солҳои дорои рӯзҳои зиёди гарм (масалан, то 57 рӯз бо ҳарорати баландтар аз 400С ва хушксолӣ, камобии фоҷиабор дар ноҳияи Шаҳритуз дар соли 1997) фарқ мекунанд. Деҳқонону хоҷагидорон дар ин давра танҳо он қитъаҳоро об медоданд, ки зироаташон дар ҳоли пажмурдашавӣ буд. Имсол низ ҳарорат хеле баланду ташвишовар аст.
Далер Абдуллоев, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд», гуфт: “Ташкилоти қарзии хурд ба кишоварзону боғдорон, чорводорону занбӯриасалпарварон, сохтмони гулхонаҳо, ташкили обёрии қатрагӣ ва кофтани чоҳи об қарзҳои сабз гирифт. Бо ин мақсад, давоми се соли сипаришуда тақрибан 4000 муштарӣ қарзҳои имтиёзноку сабз гирифт. На ҳамаи хоҷагидорон  дар вазъияти тағйирёбии иқлим таҷрибаи истодагарӣ доранд, аз ин сабаб, барои муштариёни лоиҳа бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои мутобиқсозанда, ба намуди машварат ва гузарондани таҷрибаҳо, амалӣ карда мешаванд. Чунин машваратҳо барои хоҷагидорон ройгонанд.
Ҳалимҷон Миразимов, хоҷагидори деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Истаравшан, зикр кард, ки солҳои ахир тағйирёбии иқлим сахт эҳсос мешавад. Имсол зимистон гарм омаду баҳор сарду сербориш. Чанд маротиба жола  борид ва, тақрибан, 70 дарсади зироат талаф ёфт. Зарурати кишти такрории 4 гектар замин пеш омад. Барои як кило тухмӣ 1500 сомонӣ харҷ шуд ва худ ҳисоб кунед, ки тағйирёбии иқлим ба мо дар кадом ҳаҷм зарари моддӣ расонд. Имсол жола ва боришоти бошиддати борон ҳосили олуро пурра маҳв кард. Дар ягона обанбор об хеле кам аст ва ҷамъшавии лойқа ҳаҷми ғунҷоиши онро маҳдуд кардааст. Барои истифодабарии об бояд 3 - 4 рӯз навбат истед. Дар бартараф намудани офтаҳои табиат ташкилотҳои қарзии хурд бо маблағ ёрии назаррас расонданд ва сол ба сол зиёд намудани чунин қарзҳои имтиёзнок барои кишоварзони кишвар аз фоида холӣ нест.
Хоҷагидор Саид Холов, аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, гуфт, ки  қарз барои кишоварзон хеле муфид аст, алалхусус барои ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки чорво дар давраи хушксолӣ.
Сулҳия СОДИҚОВА,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 1023
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед