иқтисод
ПАРАНДАПАРВАРӢ. ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР ФАРОҲАМ ОМАД
Барои истеҳсоли маҳсулоти парандапарварӣ назар ба маҳсулоти соҳаи чорводорӣ хӯрок, меҳнат ва маводи моддию техникӣ камтар сарф мегардад, аз ин лиҳоз, нархи аслии тухм ва гӯшти паранда нисбатан арзон мебошад. Хусусияти биологии маҳсулоти паранда дар он аст, ки онҳо парҳезӣ буда, дар таркиби худ миқдори зиёди маводи аз ҷиҳати биологӣ фаъол (витаминҳо, аминокислотаҳо ва ғайра) доранд. Бинобар ин, дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба рушди соҳаи мазкур аҳамияти хосса дода мешавад.
Бо назардошти ин, мувофиқи ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 парандапарварӣ аз андозу пардохтҳои асосӣ озод карда шуд, ки ин барои рушди соҳа дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам овард, ҳавасмандии хоҷагидорону соҳибкорони ватанию хориҷиро бештар ва олимону мутахассисони соҳаро рӯҳбаланд намуда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Танҳо соли 2018 саршумори паранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2017 – ум 1401 ҳазор сар (12,7%) ва истеҳсоли тухм 108,9 миллион дона (31,9%) зиёд гардид. Ин дастовардҳо имконият доданд, ки воридоти маҳсулоти паранда аз хориҷи кишвар хеле кам ва ҳавасмандии хоҷагидорони ватанӣ ба рушди соҳа бештар гардад.
Парандапарварони ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли 2019 низ самаранок фаъолият намуда, ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд. То якуми июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори паранда ба 7 миллиону 632 ҳазор ва истеҳсоли тухм ба 307,4 миллион дона расонда шуд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 саршумор 27 дарсад ва истеҳсоли тухм 84 дарсад афзуда, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти парандапарварӣ хеле беҳтар гардид.
Ҳоло шумораи корхонаҳои махсуси парандапарварии ҷумҳурӣ ба 119 адад расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 28 адад зиёд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли равон саршумори паранда дар корхонаҳои парандапарварии тобеи КВД “Саноати парандапарварӣ” ба 4 миллиону 262 ҳазор сар ва ҳаҷми истеҳсоли тухм ба 240 миллион дона расидааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 саршумор 62,7 дарсад, истеҳсоли тухм қариб 2,4 баробар ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшти паранда (ҳаҷми умумии истеҳсол 3 ҳазору 543 тонна) 3,8 баробар афзудааст. Ин, дар ҳақиқат, комёбии назаррасест, ки ба шарофати дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Дар баробари ин, ҳоло низ таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо тухму гӯшти парандаи истеҳсоли ватанӣ нисбат ба меъёрҳои қабулгардида беҳбудиро тақозо менамояд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ ҳангоми мулоқоташон бо кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара супориш доданд, ки таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти парандапарварии истеҳсоли ватанӣ бояд солҳои наздик ба андозаи талабот расонда шавад. Бо назардошти ин, аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ нақшаи тадбирҳои иловагии рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2022 таҳия гардидааст, ки пас аз мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Дар он зиёд намудани иқтидори корхонаҳои парандапарварӣ ва ташкили корхонаҳои махсус дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, хусусан дар самти истеҳсоли гӯшти паранда, пешбинӣ гардиданд.
Бо мақсади таъмин намудани талаботи корхонаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои инфиродӣ бо чӯҷаю тухмҳои инкубатсионӣ бояд иқтидори истеҳсолии ду корхонаи зотпарварӣ зиёд карда, корхонаҳои зотпарварии давлатии истеҳсоли мурғҳои сергӯшт ва сертухм таъсис ёбанд ва ҳаҷми воридоти тухмҳои инкубатсионӣ ва чӯҷаҳои зотӣ аз хориҷи кишвар коҳиш дода шавад.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳа таъмин намудани талаботи корхонаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои инфиродӣ бо хӯроки омехтаи хушсифат, премиксҳо ва иловаҳои серсафедаю маъдандор мебошад. Дар ин самт мувофиқ ба талаботи мурғҳои сермаҳсули кроссҳои (намудҳои) муосир бунёди корхонаҳои махсус барои истеҳсоли хӯроки омехтаи серғизою хушсифат ва зиёд намудани иқтидори корхонаҳои фаъолиятдошта зарур аст.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидан ба рушди соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳоро бо мутахассисони КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” ва ҳамтоёни хориҷӣ густариш дода, дар натиҷаи тадқиқоту омӯзишҳо кроссҳои сермаҳсули мурғ, зотҳои мурғи марҷон ва бедонаро муайян намуда, ба хоҷагидорон барои парвариш пешниҳод намудаанд. Инчунин, меъёрҳои самарабахши парваришу нигоҳубини онҳо таҳқиқ карда, меъёрҳои муътадили истифодаи иловаҳои ғайрианъанавии серсафеда ва маъдандори маҳаллӣ дар хӯроки парандаҳо муқаррар карда шуданд. Дар истеҳсолоти хоҷагиҳои парандапарварии мамлакат ба муқобили зукоми паранда ваксинаю доруворӣ ва воситаҳои дигари таъсирбахш татбиқ гардиданд. Ҳамкориҳои олимон ва мутахассисони соҳа дар самтҳои парвариши самараноки мурғони сертухму сергӯшт, мурғи марҷон, бедона ва кабк, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, инчунин, дар баргузории семинару конференсияҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ, тарбияи кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисону хоҷагидорон идома доранд.
Олимону мутахассисон ва парандапарварони ҷумҳурӣ аз дастгирию ғамхории ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, хусусан соҳаи парандапарварӣ, самимона арзи сипос намуда, тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда соҳаро мувофиқ ба талаботи рӯз рушд диҳанд ва дар амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Д. КОМИЛЗОДА, академики АИКТ, аъзои Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ,
М. НАЗАРОВ, сардори КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2019 №: 150 Мутолиа карданд: 1251