иқтисод
БЕҲДОШТИ ЗАМИН. ҚАРЗИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ БОЗ АФЗУД
Давоми шаш моҳи аввали соли равон ба истифодабарандагон 1751 миллион метри мукааб об расонда шуд, аммо танҳо ҳаққи истифодаи 76 дарсади он пардохт гаштааст.
Абдулло Қурбонзода, муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола иттилоъ дод, ки бинобар пурра пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзҳои обистифодабарандагон дар назди агентӣ афзуд. Ин ҳолат боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ ва андозҳо, гардидааст. Дар давраи зикршуда миқдори қарзҳои кредиторӣ 267,5 миллион сомониро ташкил дод.
Ба гуфтаи Абдулло Қурбонзода, дар ин давра пойгоҳҳои обкашии агентӣ ба маблағи 38,2 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода кардаанд. Қарзи идораҳои тобеи агентӣ аз ҳисоби истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» 158,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Сабаби афзудани қарзҳои кредитории агентӣ дар мувофиқ набудани ҳаққи хизмати обрасонӣ бо тарифҳои неруи барқ аст, - гуфт ӯ.
Ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази сохтмони асосии агентӣ ҳолати бархе заминҳои нави обёришаванда беҳтар шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид шуданд. Тибқи барнома, соли равон барқарорсозии 1450 гектар замини бекормонда, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор 150 гектар, ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод 100-гектарӣ, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва Конибодом 200-гектарӣ, пешбинӣ шудааст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2019 №: 150 Мутолиа карданд: 1167