logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. ТО ҶАВОНОН БА ОН ҶАЛБ НАГАРДАНД...

Тибқи таҳлилу таҳқиқ ва маълумоти дақиқи мавҷуда, аксари террористону ифротгароёнро дар дунё ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳарчанд тадбирҳои зарурӣ то ҷое андешидаву амалӣ мегарданд, шумораи онҳо аз ин қишри ҷомеа меафзояд. Чаро? Чӣ тадбирҳои наву иловагиро бар ин бояд афзуд, то дурри мақсуд ба даст ояд?

Маҳмадулло Давлатов, равоншинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин хусус зимни суҳбат иброз дошт, ки синну соли аксари ин гурӯҳ 20-25-ро ташкил медиҳад. Ба андешаи ӯ, зарур аст, ки барои ин гуна ташкилоту гурӯҳҳо ва таълиму тарбияи дурусти онҳо, яъне ҷавонон, барномаҳои махсусро қабулу амалӣ бинамоем. Ба ин васила, бояд маърифати ҷавонон боло биравад ва фазои холигӣ ба вуҷуд наояд.
Мусаллам аст, ки ин гурӯҳҳои даҳшатзо барои ҷалби ҷавонон исломро восита қарор медиҳанд. Дар асл ҳақиқати ислом ва таълимоти онро ба ин гурӯҳҳо намеомӯзонанд. Бо «мағзшӯӣ» ҷавононро аз номи ин дини мубину пок ба қатлу ғорат ва иҷрои мақсадҳои нопоки худ сафарбар менамоянд.
Дигар ин ҳақиқат рӯшан ва собит гардидааст, ки террорист ҳатто ба модару падар, бародару хоҳар низ раҳм надорад. Чеҳраи аслии онҳоро бо таҳлукаву даҳшатафканӣ мардум шинохтааст.
Ба андешаи Маҳмадулло Давлатов, дар охири асри рафта ва садаи нав бо истифодаи техникаву технологияи пешрафта шакли фаъолияти худро дигар кардаанд ва бо куштору даҳшатзоӣ собит намудаанд, ки бо онҳо ҳеҷ гоҳ муросо кардан нашояд. Масъалаи тарбия ва шахсиятсозӣ дар гурӯҳ дар маркази диққати сарварони он қарор дорад.
Ин ҷавонон бо дараҷаи баланди агрессия, бадхашмӣ, бадбинӣ мавқеи сазоворро соҳиб мешаванд. Одамонро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: муҷоҳид ва кофир. Барои ин меъёрҳои махсусро пазируфтаанд.
То ки корҳои муфид ба ҳангоми тарбияи ҷавонон ба фарҷом бирасад, равоншиносон ба се ниҳод такя мекунанд: оила, мактаб ва ҷомеа. Инчунин, онҳо тавсия медиҳанд, ки дар иҷрои дурусту саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми чашмрас бигиранд. Фарзандон, хоса дар синни наврасиву ҷавонӣ набояд дар муҳити зулм, беадолатӣ ба воя бирасанд. Ба шахсиятсозӣ ва иҷтимоишавии онҳо ҳамаи ниҳодҳои марбута бояд масъул бошанд.
Абдулҳай Маҳмадаминов, доктори илмҳои филология, профессор, баён дошт, ки тарбияи ҷавонон чи дар адабиёти классикӣ ва чи адабиёти муосир аз мавқеи хос бархӯрдор буд. Инчунин, муҳит барои тарбияи солими онҳо созгор ба шумор мерафт. Дар асри гузашта низ анъанаҳову  суннатҳои нек устувору побарҷо буданд ва барои идомаи он, зиёиён масъулияти бузургу зиёд эҳсос менамуданд. Махсусан, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ин матлаб аз мавзӯъҳои марказӣ ба шумор мерафт.
- Ба тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон бояд бештар диққати ҷиддӣ бидиҳем.  Чанд соли охир мо таълимро муқаддам гузоштем ва дар ин самт, албатта, ба дастовардҳо ноил гардидем. Тарбия, хоса тарбияи ахлоқи миллӣ дар зинаи поёнтар қарор гирифт. Чунин муносибат, агарчи дар оғоз камтар эҳсос мешавад, баъдҳо таъсири манфии худро ба тамоми маънӣ ва паҳлуҳои худ мегузорад,- мегӯяд омӯзгору маорифпарвари собиқадор, барандаи Ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф Ҳабибулло Искандаров.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар, Пешвои миллат, Президенти мамлакат изҳор доштанд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии  самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».
Сарвари давлат як солро махсус ба ҷавонон ихтисос доданд, ки он дар пешрафт ва масъулиятшиносии ин қишри ҷомеа бисёр таъсири нек  гузошт.
Маҳмадулло Раҷабзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, профессор, гуфт:     - Дар ҳақиқат, ояндаи ҳар кишвар ба фаъолияти дурусту пурсамари омӯзгор ва рушди илму маорифи он вобаста аст. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон, шомил гардидани ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ҳар кадоми моро бештар вазифадор месозад, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон бо ҳисси масъулиятшиносӣ саҳми чашмрас бигирем, то истиқлолияти бадастомадаро ҳифз намоянду онро таҳким бахшанд.
Пешвои миллат барҳақ иброз доштанд: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
Албатта, ин беҳтарин раҳнамоӣ ва дастур барои ҳар кадоми мост. Амалӣ шудани онҳо, бешак, ба ҳалли дурусти масъала ва пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ташкилотҳову гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекунад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 1577
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед