logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҚАЛЛОБӢ
Боз як заминфурӯш ба даст афтод
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани Гулов Худоёр Қурбоналиевич, сармутахассис (муҳандис – заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, бо ҷурми гирифтани пора хабар дод.
Тибқи иттилои сомонаи агентӣ, номбурда моҳи июни соли 2019 аз шаҳрванд «А» барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0,45 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Хуросон маблағи 6000 сомонӣ талаб карда, 13 июни соли 2019 маблағи 1000 сомонӣ гирифта, овардани боқимонда 5000 сомонии дигарро талаб намудааст.
Худоёр Гулов 18 июни соли 2019 ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани боқимонда маблағи 5000 сомонӣ дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба Х. Гулов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

АВБОШӢ
Расондани ҷароҳати ҷисмонӣ
бо истифода аз корд
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23 - солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.
 Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, дастгиршуда 10 августи соли 2019, тахминан соати 23:30 дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С. Шерозӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ ҷавони 21- солаи сокини пойтахтро зери латукӯб қарор дода, бо корди дар дасташбуда 2 маротиба ба рони пояш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

МАРДУМФИРЕБӢ
Ба даст овардани 6 автомошина
бо роҳи қаллобӣ
Кормандони милитсия зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ марди 31 - солаи сокини ноҳияи Шоҳмансурро бо гумони қаллобӣ дастгир карданд.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбар моҳи апрели соли 2018 бо роҳи фиреб ба бовари марди 20 - солаи сокини ноҳияи Варзоб, соҳибкор, даромада, аз ӯ 6 автомошинаи тамғаҳояшон гуногунро ба маблағи 182 000 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардондааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи  рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 1562
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед