ҳуқуқ
МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. 25 СОЛ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ
17 августи соли равон аз таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Фаъолияти ин ниҳод баъд аз соҳибистиқлолии кишвар якҷо бо ташкилёбии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқ аз оқибати садама, фалокат, офати табиӣ, гузарондани корҳои наҷотдиҳӣ ва барқарорсозиро ба зимма дорад. Вобаста ба фаъолияти ин ниҳод, бо полковник Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси кумита, ҳамсуҳбат шудем.
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 17 августи соли 1994 маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои кумита ба неруи қудратманди низомӣ табдил ёфта, вазифаҳои муҳимро дар самти пешгирӣ, эътино ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро иҷро менамояд.
Дар он давра дар сохтори кумита танҳо ситодҳои мудофиаи граждании вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳиявӣ, Хадамоти ҷумҳуриявии садамавию наҷотдиҳӣ иборат аз 20 нафар мавҷуд буд. Ҳамзамон, дар сохтори кумита аввалин қисми ҳарбии 45989 фаъолият дошт, ки дар заминаи кисми ҳарбии 52476- и Ситоди мудофиаи граждании (Полки мудофиаи гражданӣ)- и назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта буд.
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти кумита, то имрӯз чор маротиба такмили сохтор гузаронда шуд. Мақсад аз такмили сохтор ин зиёд намудани воҳидҳои штатии ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва таъсиси дастаҳои наҷотдиҳии иловагӣ аз ҳисоби кам кардани воҳидҳои штатии дастгоҳи марказӣ ва ситодҳои минтақавӣ буд.
Такмили сохтор имкон дод, ки воҳидҳои штатии шуъбаю зершуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо зиёд гардида, ҳаҷм ва сифати иҷрои вазифаҳои соҳавӣ дар самти корҳои фаврӣ, омодасозии аҳолӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумоти зарурӣ оид ба ҳолати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода мусоидат намояд.
Дар давоми 25 сол кумита ба пешравӣ ва дастовардҳои назаррас ноил гашта, баҳри ташаккул ва пешравии соҳа чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Аз давраи таъсисёбӣ баҳри ривоҷ додани фаъолияти кумита диққати махсус зоҳир шуда, ҳоло он ба яке аз сохторҳои асосии давлатӣ табдил ёфта, ҳамарӯза баҳри ҳифзи аҳолӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ, рафъи ҳолатҳои фавқулода, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулода бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009 - 2014”, баъдан “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” қабул гардид.
Барномаи рушди кумита ба муайянсозии мақсад, принсипҳо, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳоту рушди мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нигаронида шуда, амалигардонии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Мустаҳкам намудани иқтидори заминаҳои моддӣ - техникӣ, яке аз муҳимтарин нишондодҳои самаранокии фаъолияти кумита ба шумор рафта, сол ба сол сохторҳои махсуси кофтуковӣ - наҷотдиҳӣ бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонда шуда истодаанд. Ҳамчунин, дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳо иқтидори мавҷудаи таълимию методӣ ва моддию техникии кумита мукаммал гардида истодааст.
Соли 2018 кумита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома оид ба мустаҳкам намудани иқтидори заминаи моддӣ - техникӣ ба имзо расонд ва соли равон 127 номгӯй техникаи махсуси муҳандисӣ, автомашинаҳо ва таҷҳизоту лавозимоти махсусро қабул намуд. Дар баробари ин, раёсатҳои кумита дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ соҳиби техника ва таҷҳизоти муосир гардиданд.
Кумита бо як қатор сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ ҳамкорӣ дошта, дар ҳолати зарурӣ аз ҷархболҳои ин сохторҳо истифода мебарад. Ташкили хадамоти авиатсионӣ дар кумита мавриди муҳокима қарор дошта, дар оянда ҳангоми ҳал гардидани ин масъала харидории чархбол ба нақша гирифта мешавад.
Инчунин, бо мақсади ташкили захираи эҳтиётии маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва амволи дигар барои аҳолии деҳоти наздисарҳадӣ, ки дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон зиндагӣ мекунанд, дар доираи татбиқи Лоиҳа оид ба “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари фалокатҳо ва эътино”, ки аз ҷониби Ҳукумати Япония маблағгузорӣ мешавад, сохтмони анборҳо дар ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.
Кафили фаъолияти муваффақона ин заҳмати софдилона мебошад. Дар назди ҳар як корманди кумита имрӯзҳо на фақат иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, балки вазифаҳои масъулиятнок вогузор гардидааст. Кумита минбаъд низ корҳоро баҳри ҳифзи аҳолии мамлакат, манфиатҳои давлативу таъмини бехатарии миллӣ идома дода, вазифаҳои дар наздаш истодаро пурра иҷро менамояд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2019 №: 157 Мутолиа карданд: 1606