иқтисод
РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. АЗ ДИЛИ ОСИЁ ТО ДОМОНИ АВРУПО
Соҳаи роҳи оҳан яке аз бахшҳоест, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо дастгирию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври густурда рушд намудааст. Маҳз дар ҳамин давра, масирҳои нави оҳан ба самтҳои гуногуни ҷумҳурӣ кушода шуданд. Муҳимтарин қитъаҳои ин роҳ дар мамлакат таъмир ва барқарор гардиданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 1000 километр роҳи оҳан мавҷуд аст, ки мардум ва меҳмонони хориҷӣ аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Садҳо сокини мамлакат дар ин ҷо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд.
Мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар мамлакат бо 6 хатсайр –Душанбе – Москва, Кӯлоб – Москва ва Хуҷанд – Москва (байналмилалӣ) ва Душанбе – Пахтаобод, Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, Душанбе – Бохтар – Хушодӣ (маҳаллӣ ) сурат мегирад. Дар ин роҳҳо аз ҷониби корхона бо мақсади тақвият бахшидани содироти маҳсулоти ватанӣ дар хатсайрҳо ҳангоми боркашонӣ дар пардохти ҳаққи роҳкиро аз 25 то 60 дарсад сабукиҳо муқаррар гардиданд. Аз ҷумла, барои маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30 то 50 дарсад, алюминий 60 дарсад ва гилхок 10 дарсад тахфиф муайян шудааст.
Мирзоалӣ Комил, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», изҳор дошт, ки нақлиёти роҳи оҳан яке аз самтҳои афзали коммуникатсионӣ дар рушди иқтисоди миллист.
- Ин бахш барои рушди гардиши савдои хориҷӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад. Соли равон тавассути роҳи оҳани кишвар қариб 2,7 миллион тонна бор ва наздики 270 ҳазор мусофир кашонда шудааст, ки назар ба порсол 3 дарсад зиёд мебошад. Аз ин рӯ, кушодани роҳ ба ҳамаи самтҳо ҳадафи мост. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ қариб 200 километр роҳи оҳан сохтаю таҷдид карда шуд. Ҳоло дар мувозинаи корхона 2058 вагони боркаш, 424 вагони мусофирбар ва 42 локомотив мавҷуд аст. Танҳо давоми нимсолаи аввали соли равон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори техникии соҳа дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 64 вагони мусофиру боркашонӣ аз таъмири асосӣ ва 598 вагон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Шароитҳои фаровони фароҳамомада ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ, гардиши бор ва мусофирбарӣ мусоидат намуданд, - гуфт ӯ.
Роҳбарияти корхона ҷиҳати рушди соҳа дар кишвар ва рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста чораҷӯӣ менамояд. Аз ҷумла, барои навсозии паркҳои вагону локомотивҳо ва қитъаҳои роҳ кормандони корхона шабу рӯз софдилона меҳнат менамоянд. Аз ҷониби вазорат ва корхонаи номбурда барои навсозии парки вагонҳои мусофирбару боркаш лоиҳаи сармоягузории «Оид ба харидорӣ намудани 1000 вагони боркаш ва 30 мусофирбар» таҳия гардида, барои муаррифӣ ва дарёфти маблағгузорӣ ба шарикони рушд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардидааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2019 №: 157 Мутолиа карданд: 1466