номаҳо
ПАЙРАВИ ПЕШВО БОШЕМ!
Дар зимни нишасту суҳбатҳо бархе аз калонсолон дар мавриди шинохту таърифи Ватан ин байтро бо як бепарвоии хос такрор мекунанд:
Ватан ҷоест, озораш набошад,
Касеро бо касе кораш набошад.
Албатта, ин ба тарбияи мо – ҷавонон таъсири манфии худро мегузорад. Ҳол он ки насли пешин барои тарбияи мо, фикр мекунам, ки масъуланд. Хушбахтона, медонем ва ба такрор ин ҳадиси паёмбарамонро мехонем: «Дӯстдории Ватан аз гӯшаи имон аст». Ин сухани пур аз ҳикмат хилофи байти боло мебошад. Оре, кас вазифадор аст, ки ватанашро дӯст бидорад, барои ҳифзи он ҷонашро дареғ надорад ва дар ободонию маъруфияташ саҳми дурусту арзанда бигирад. Танҳо дар ин сурат имондории ӯ собит мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ин Ватан, сарзамини аҷдодиро дӯст бидорем. Инчунин, мефармоянд, ки ҷавонон ва насли наврас бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия биёбанд.
Ба пиндори ин ҷониб, нафаре, ки ҳастӣ ва тамоми донишу хирадро ба ин Ватан, сарзамини аҷдодӣ дар лаҳзаҳои вазнинтарин барои он бе дареғ бахшид, худи Сарвари давлат буданд. Аз ин рӯ, мо – ҷавонон ва насли наврас дар ин маврид бояд пайрави Пешвои азизамон бошем. Ин пайравӣ, бешак, барои ҳар нафар шараф аст.
С. АБДУЛАЗИЗ, шаҳри Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2019 №: 158 Мутолиа карданд: 7564