иқтисод
КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА БА КОР МЕДАРОЯНД
Посух ба матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!», ки 19 июни соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба маълумоти шумо мерасонад, ки матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!» дар маҷлиси васеи машваратии назди раиси ноҳия бо иштироки шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре зикр шуд, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 474 миллиону 126 ҳазору 900 сомонӣ расонда шуд, ки аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ 72 миллиону 338 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи соҳаи саноат назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 40 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз 36 корхонаи истеҳсолии саноатии ноҳия 11 корхона фаъолият накард. Аз инҳо 9 корхона пахтатозакунианд ва дар давоми сол бо сар шудани мавсими пахтасупорӣ ба кор шурӯъ менамоянд.
ҶСШК «Ф.Саидов» бинобар сабаби фарсуда шудани таҷҳизот ва ҶДММ «Қутайба» бинобар сабаби дар маҳбас қарор доштани роҳбари корхона аз фаъолият бозмондаанд.
Дар шашмоҳа дар ноҳия 3 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба истифода дода шуд: «Абдумалики Камолиддин», «Рушди иқтисоди водии Вахш» ва «Ганҷ».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз ҳамкорӣ бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» қаноатманд буда, баҳри пурзӯр намудани кор дар самти ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва иҷрои дурнамои саноатию рушди истеҳсолоти содиротӣ тадбирҳо меандешад.
Вализода Икромиддин СИРОҶИДДИН,
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2019 №: 158 Мутолиа карданд: 1482