иқтисод
"ПОМИРИНВЕСТ-2019". ИМКОНИЯТҲОИ РУШД ЗИЁДАНД
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои рушди иқтисодӣ имкониятҳои фарох ва захираҳои зиёди истифоданашуда дорад. Чунин хулоса намуданд ширкатдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест - 2019», ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки беш аз 150 нафар соҳибкор, роҳбару масъулони сохторҳои марбутаи давлатӣ, сармоягузорону соҳибкорон аз ИМА, Канада, Покистон, Ҳиндустон, Чин, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Тавре дар баромади аксари ширкатдорони форум зикр шуд, ВМКБ дорои захираҳои бузурги истеҳсолӣ буда, дар оянда метавонад ба яке аз минтақаҳои сердаромади кишвар табдил ёбад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо ҷалби таваҷҷуҳи иштирокдорон ба имкониятҳои сармоягузории вилоят, мушкилот, дурнамо ва таҳкими фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ дар минтақа зикр намуд, ки афзалиятҳои Кӯҳистони Бадахшон барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ зиёд буда, ҷиҳати таҳким бахшидани соҳибкорӣ сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд дар ҳамкорӣ аз тамоми имконоти мавҷуда ба таври самаранок истифода баранд.
Яке аз имкониятҳои беҳтарини ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилоят рушди саноати кӯҳӣ, коркарди маъданҳо ва захираҳои зеризаминӣ мебошад. Вале барои пурра истифода кардани захоири табиии Бадахшон нокомилии инфрасохтори зарурӣ ва баъзан гирифтани иҷозатнома мушкилот пеш меорад.
Рушди туризм, хусусан сайёҳии экологӣ ва табобатӣ, аз самтҳои афзали ҷалби сармоя ба вилоят унвон гардид. Имрӯз ҳамагӣ 10 дарсади имконияти туристии вилоят истифода бурда мешавад. Кӯҳистони Бадахшон бо мавзеъҳои табиӣ ва таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Ямчун», «Челондеҳ», «Биби Фотимаи Заҳро» ва Боғи набототи Помир маъруфият дорад. Дар ҳудуди вилоят солҳои охир инфрасохтори сайёҳӣ тадриҷан рушд мекунад. Айни ҳол дар деҳоти вилоят зиёда аз 50 меҳмонхонаи хурд фаъол аст. Саҳми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар омода кардани кадрҳои баландихтисоси забонҳои хориҷӣ дар таъмини бозори сайёҳӣ бо роҳбаладони сатҳи касбияташон баланд назаррас мебошад.
Гирифтани раводид барои вуруди чандинкарата аз мушкилоти меҳварии рушди туризм дар минтақа арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, дар мавриди имконоти тавлиди энергияи сабз, иқтидори энергетикии обҳои вилоят, бунёди неругоҳҳои хурду калони барқӣ, рушди агробизнес, таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, истеҳсол ва содироти оби нӯшокӣ, бехатарии маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ, ривоҷ додани фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ва ташкили бахши он дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар пешниҳодҳои ҷолиб баён шуданд.
Зикр гардид, ки баҳри равнақи соҳибкорӣ як зумра санадҳои муҳими давлатӣ ба тавсиб расиданд, ки ба амалисозии лоиҳа ва барномаҳои рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Бо мақсади сода кардани рафтуомади сайёҳон дар кишвар равзанаи ягона ҷорӣ карда шуд, ки тиҷорати байналмилалиро дар кишвар то андозае боло бурд. Ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, бартараф кардани тафтишҳои беасоси такрорӣ бо Фармони Президенти кишвар то соли 2021 ба ҳамаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардидааст.
Пешниҳод шуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба амалисозии лоиҳаҳои хурд, яъне бунёди корхонаҳои дорои 5 - 10 воҳиди корӣ ва ба шароити бозори имрӯза ҷавобгӯ равона гардад.
Баромадкунандагон атрофи имкониятҳои сармоягузорӣ, саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ВМКБ ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, дарёфти имкониятҳои рушди соҳибкории муосир, арзёбии заминаҳои мавҷуда, мушкилоти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, вазъи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ВМКБ барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, дастгирии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби шарикони рушд, рушди сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои вилоят андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2019 №: 159 Мутолиа карданд: 1107