logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстонаи ду ҳамсоякишвар паёмадҳои неку ояндадорро ба бор меоварад. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дӯстию ҳамкориҳои муштараки олимони тоҷику ӯзбек дар бахшҳои гуногун - илми табиатшиносӣ, биологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо хеле тақвият меёбад, ки ин аз сиёсати хориҷии дарҳои кушоди ҳар ду кишвар дарак медиҳад.
Тавре Қурбоналӣ Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, зикр намуд, соли ҷорӣ олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимони Институти тиббӣ - байтории шаҳри Самарқанд, Институти илмӣ - таҳқиқотии селексия, тухмипарварӣ ва агротехнологияи Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (дар шаҳри Тошканд) ва Институти илмӣ - таҳқиқотии химия ва физикаи полимерҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкориҳои илмиро барои солҳои 2019 - 2023 ба имзо расонданд, ки ин нишонаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷику ӯзбек ба шумор меравад.
Мавриди зикр аст, ки то соли 1992 олимони тоҷику ӯзбек ба монанди дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ алоқаи зичи ҳамкориҳои илмӣ доштанд. Дар ҳамон давра шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории илми биология оид ба ихтисоси «Физиология ва биохимияи рустанӣ» дар Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди Институти физиология ва биофизикаи рустанӣ   (ҳоло Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АИ ҶТ) фаъолият дошт ва олимони намоёни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон аъзоёни ин шӯро буданд. Дар шӯрои мазкур дар қатори дигарон унвонҷӯён, аз ҷумла нафарони зиёд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамон солҳо рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро бо ихтисоси «Физиология ва биохимияи рустанӣ» барои дарёфти унвони илмии номзадӣ ё доктори илми биология дифоъ намудаанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳо ба рисолаҳои номзадӣ ва доктории олимони ӯзбек тақризҳои илмӣ навишта, рисолаҳои мазкурро таҳлилу дастгирӣ намуданд ва корҳои илмии онҳоро ҳамчун дастоварди илмии ояндадор барои рушди иқтисодиёт тарафдорӣ намуданд.
- Фиристодани гурӯҳи кории олимони тоҷик ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бахшҳои физиология, биохимия, генетика, биотехнология, селексияи рустаниҳо, махсусан пахта, картошка ва дигар зироатхои кишоварзӣ барои барқарор намудани ҳамкориҳои судманди илмӣ тақозои замон мебошад. Зарур аст, ки минбаъд олимони ҷумҳуриҳои ҳамсоя лоиҳаҳои муштаракро таҳия намуда, ҷиҳати иҷро гаштани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд. Барои тарбияи олимони ҷавони ҷумҳуриҳои ҳамҷавор, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории онҳо агар шӯроҳои диссертатсионии муштарак таъсис дода шаванд, инчунин, барои рушди илмҳои гуногун ва барқарор намудани анъанаҳои пешина барпо намудани конференсияҳои илмии байналмилалӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Дар амалӣ гаштани чорабиниҳои мазкур ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди илмии тарафайн месазад, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус шуъбаи илмҳои биология ва тиб дар соҳаҳои мазкур пешоҳанг ва ташаббускор бошанд, - мегӯяд Бахшулло Ҷумъаев, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 1715
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед