сиёсат
ИСТИҚЛОЛИЯТ. ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ мебошад. Баъд аз садсолаҳо бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки истиқлолият дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».
Дарвоқеъ, халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад. Дастовардҳои назарраси кишвар дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки миллати тоҷик бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯйи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт кӯшиш менамояд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Моҳи марти соли гузашта татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Яъне, ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.
Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, фазои озоду осоишта, шароитҳои мусоиди муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар, ғамхориҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар пешрафту рушди ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Азимҷон ҲАСАНЗОДА, муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2019 №: 160-161 Мутолиа карданд: 1753