logo

иқтисод

ЁВОН. АЗ МАРКАЗИ БУЗУРГИ САНОАТӢ ТО ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ҳар сол дар арафаи ҷашнҳои фархундаи кишвар назаре ба гузаштаи начандон дур карда, бо ёдоварӣ аз  муҳимтарин дастоварду рӯйдодҳои хотирмони   Ватани азизамон шукронаи соҳибистиқлолии онро мекунем ва ифтихорманд аз он мешавем, ки ба  шарофати ин неъмати бузург  боз як гоми устуворе дар амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон гузоштаем.
Ба ҳамин монанд дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон низ иқдомҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дошта, бо ҳиммати соҳибкорону ҷавонмардони хайрхоҳу ватандӯсти ноҳия корхонаҳои гуногуни саноатӣ, марказҳои тиҷоратию хизмати маишӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Агар ба дастовардҳои соҳаи саноат назар афканем, дар қиёс ба солҳои шӯравӣ, ки дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошт, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар шумораи чунин корхонаҳои зиндагисоз аз 40 адад гузаштааст.
22 апрели соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ  дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон  иброз доштанд: “Ба шарофати ба кор оғоз кардани корхонаҳои банақшагирифташуда ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад”.
Воқеан, ин ноҳия  аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар зарфиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ дорои шароиту имкониятҳои бузург буда, дар оянда ҳам бо таъсиси даҳҳо коргоҳҳои хурду бузург дар рушди иқтисодии кишвар нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.
Айни ҳол дар  корхонаҳои истеҳсолии “Намаки Ёвон”, “Комрон Агро Холдинг”, корхонаи муқтадири “Хуак-син Ғаюр семент”, фабрикаҳои “Ваҳдат”, “Беҳамто”, шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои тозабунёди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Криолит”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”, қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани “Душанбе - Қӯрғонтеппа” ва даҳҳо коргоҳи саноатии хурду миёна, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба истифода дода шудаанд, ҳазорон нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Имрӯзҳо дар ноҳия ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи кишвар сохтмони садҳо иншооти ҷашнӣ идома дорад. Бино ба маълумоти Саидзода Ҷамшед, раиси ноҳия, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бунёди 341 иншооти ҷашнӣ идома дошта, то нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ 154 адади онҳо, аллакай, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Корҳои созандагию ободонӣ дар ҳама шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома доранд.
Бунёди иншооту тарҳрезии лоиҳаҳои муосири меъморӣ ба уҳдаи мутахассисони соҳибтаҷриба вогузор шуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. То имрӯз корҳои сохтмонии як бинои шашошёнаи истиқоматӣ, коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ дар назди корхонаи “Моҳир семент”, бинои нави филиали БДА “Амонатбонк”, 3 коргоҳи истеҳсолӣ, 4 коргоҳи хурди дӯзандагӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80, коллеҷи технологӣ - фармасевтӣ,  синфхонаҳои иловагию  марказу бунгоҳҳои тиббӣ,  меҳмонхонаи замонавӣ, 3 майдончаи варзиш ва даҳҳо иншооти дигари фарҳангию маишӣ ба анҷом расида, онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Рушди иқтисодии ноҳия, бунёди  корхонаҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ, 16 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 29 бинои нави таълимӣ,  муассисаҳои тиббӣ, иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ барои баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешрафти иҷтимоии ноҳия нақши муассир гузошт.  
Тибқи иттилои оморӣ, дар нимсолаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот  дар ноҳия 920,8 миллион сомониро  ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 680,2 миллион ва кишоварзӣ ба 240,5 миллион сомонӣ расид.
Дар ин ноҳияи доманфарох кишоварзӣ сарчашмаи асосии пешбурди рӯзгори  беш аз 60 дарсади сокинони қобили меҳнати ноҳия мебошад. Деҳқонони ноҳия сол ба сол натиҷаҳои хубтар ба даст меоранд.
Тавре Ҷамшед Саидзода иброз дошт, пешрафту афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, гардиши молу маҳсулот ва дигар манбаъҳои ғанисози буҷети маҳаллӣ имкон медиҳанд, ки дар самти рушду тараққиёти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия маблағҳои кифоя ҷудо гардида, барои зиндагии шоистаи мардум шароити муносиб фароҳам оварда шавад.
Анвар ҲАФИЗОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 1786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед