logo

иқтисод

ИДИ СЕБ. АМРЕ, КИ ОЯНДАСОЗ АСТ

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 август доир ба ҳамасола ҷашн гирифтани Иди ангур ва Иди себ мо - боғу токпарварони кишварро шоду рӯҳбаланд намуд. Солҳои охир ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули барномаҳои вижаи Ҳукумати мамлакат  соҳаи боғдории ҷумҳурӣ рушду равнақи тоза ёфтааст. Мардум бо меваҳои фаровону болаззат таъминанд ва бозори содирот низ гарм шудааст. Муаррифии дастовардҳо барои ҷалби хориҷиён, сайёҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба ин кори пурфайзу бобаракат нақши муҳим дорад.  
Ҳамагон медонанд, ки Тоҷикистон ватани себ ва ин меваи шаҳдбори диёр  дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор мебошад. Ҳамасола бо як тантанаи хос барпо намудани Иди себ басо рамзию ифтихорӣ ва айни замон амри зарурист.  Ин ташаббус  мақому манзалати боғпарварию токпарвариро боз ҳам баланд бардошта, ба пешрафти кор мусоидат менамояд. 
Имрӯзҳо бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ кишоварзони варзидаи кишвар заминҳои санглоху талу теппаҳоро ба боғистонҳо табдил дода истодаанд. Дар ин маврид ба андозаи зарурӣ қадр намудани заҳмату дастовардҳои боғдорону токпарварон ва олимони соҳа  ба онҳо барои пешбурди корашон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Баргузории намоишҳою  гуфтугӯи  васеи боғдорон аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва  мутахассисони соҳа имконият медиҳад, ки онҳо аз таҷрибаи ҳамдигар баҳра бардоранд. Агар ба  ин чорабиниҳо  намояндагони сохторҳои дахлдор, вакилони парлумон  ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷалб карда шаванд, ҳар мушкили ҷойдошта сари вақт ҳалли худро меёбад. Ҳамчунин, дастовардҳои соҳаи боғу токпарварии мамлакат ба ин васила бештар тарғиб гардида, таваҷҷуҳи тоҷирони хориҷӣ ба он бештар  мешавад. Навъҳои болаззату зебои себҳои Тоҷикистон барои сайёҳон, албатта, ҳайратангезу роғибанд. Муҳимтар аз ҳама, захираҳои генетикии навъҳои маҳаллӣ дуруст ҷамъоварӣ ва барои истифода аз нав омӯхта мешаванд. Яъне тариқи Иди себ мо аз гузаштаи боғдории халқи худ ёдоварӣ намуда, барои оянда заминаи мустаҳкам мегузорем.
Мирзошоҳи АКОБИР, боғпарвар аз ноҳияи Рашт
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 1330
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед