logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН НАБОЯД МАВСИМӢ МУНОСИБАТ КАРД!

Комиссияи даъвати назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти  сохторҳои  марбутаи  вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти  вилоятро оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шаҳрвандони соли таваллуди 1992 - 2001» дар мавсими даъвати баҳории соли  равон муҳокима  ва  баҳогузорӣ намуд.
Хушдилзода Ҳамроз, комиссари ҳарбии вилоят, қайд кард, ки ВМКБ  дар даҳ рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ аз иҷрои нақшаи даъват сарбаландона баромад. Ин дар ҳолест, ки фаъолияти комиссияҳои  даъвати баъзе ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот дар ташкил ва гузарондани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ қонеъкунанда ба роҳ монда нашуда буд. Чунончӣ, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Назаршо Додхудоев ва Пастхуфи ноҳияи Рӯшон, Сежд ва ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа, ба  номи М. Абдуллоеви ноҳия Ванҷ, Птуп ва Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, Сучон, Ғарибшоҳ Шаҳбозов ва Вери ноҳияи Шуғнон дар  маъракаи баҳории даъват аз уҳдаи иҷрои нақша набаромаданд.
Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси вилоят, ҳамзамон, раиси комиссия,  кори комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят, баъзе раисони ҷамоатҳои деҳотро  дар ин  самт  ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, афзуд, ки даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар иҷрои он бояд ҳар як шахс масъулияти баланд нишон диҳад. “Қатъи назар аз он ки нақшаи даъват бо дастгирии бевоситаи Ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят босифат  ва  пеш  аз  муҳлат  иҷро гардид, вале фаъолияти сусти бархе аз аъзои комиссияи даъватӣ, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, дафтари комиссариатҳои ҳарбӣ боис шуд, ки дар иҷрои нақшаи даъват ба баъзе мушкилиҳо мувоҷеҳ  шавем”.
Зикр гардид, ки раисони ҷамоатҳо, комиссияи даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ бояд пешакӣ рӯйхати дурусти шаҳрвандони қобили даъватро тартиб дода, барои табобат чораҷӯӣ менамуданд. Сафарбаркунии баъзе шаҳрвандон бо сабаби беморӣ аз як сол ба соли дигар гузаронда шуда, сипас, онҳо  аз қайди комиссариатҳои ҳарбӣ бароварда мешаванд. Ҳол он ки табобати бисёре аз онҳо имконпазир буд ва аз ҳисобашон нақша сари вақт иҷро мегардид. Дар даъвати баҳорӣ, ҳамчунин, ба мушоҳида расид, ки даъватшудагони бемор ба хизмат сафарбар гардида, баъди чанд муддат бо нуқси ҷисмонӣ аз қисми ҳарбӣ ҷавоб дода шуданд.
Шарифзода Маҳмадамин, прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ, зикр кард, ки санҷиши прокурорӣ дар фаъолияти баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ сохтакориро дар мавриди додани билети ҳарбӣ ошкор намуда, аз рӯи ин аъмол  парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, шахсони гунаҳкор баъди тафтишоти пурра ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ба комиссияи даъватии вилоят супориш дода шуд, ки минбаъд барои пеш бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни даъватшудагон, таҳлили дурусти захира, аз рӯйхат баровардани шаҳрвандоне, ки берун аз қаламрави вилоят зиндагӣ мекунанд, ҷиддитар муносибат намоянд. Минбаъд, дар сурати ошкор гардидани камбудӣ дар фаъолияти онҳо нисбаташон чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 1759
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед