logo

иқтисод

“ПОМИР ЭНЕРЖИ”. ҚАРЗДОРӢ КОҲИШ ЁФТ

Истеҳсоли барқ дар шабакаҳои ширкати “Помир энержи” ба 104 миллиону 402 ҳазор киловатт - соат расид, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаригашта нуҳ дарсад зиёд мебошад. Фурӯши барқ ҳам нисбат ба ҳамин давраи порсола 10 дарсад зиёд шуд.
Зимни суҳбат Далер Ҷумъаев, директори генералии ширкат, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ нисбат ба солҳои пешӣ хеле беҳтар шуда, қарздорӣ аз ҳисоби аҳолӣ коҳиш ёфтааст. Агар дар ибтидои сол 750 хоҷагии вилоят дар рӯйхати қарздорон қарор дошта бошад, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола теъдоди онҳо 350 адад кам шуд. Хоҷагиҳое, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздоранд, асосан сокинони шаҳри Хоруғанд ва бо онҳо пайваста кор бурда мешавад.  Роҳбари ширкат аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки айни замон муассисаҳои буҷетӣ, бахусус сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, беморхонаи вилоятӣ ва идораи обу ташноби шаҳри Хоруғ, қарзҳои гарон доранд ва ин қарздорӣ асосан аз ҳисоби солҳои пеш боқӣ мондааст. Маблағи умумии қарз аз истифодаи барқ дар вилоят ҳанӯз аз 8 миллион сомонӣ зиёдтар аст. Пардохт нагардидани ин маблағ барои хариди таҷҳизот, таъмиру навсозии иншооти энергетикӣ ва омода кардани онҳо ба мавсими нави гармидиҳӣ монеа эҷод мекунад.
Бо вуҷуди сарду сербарф омадани зимистон ва камоб гардидани рӯдхонаҳое, ки сарчашмаи асосии тавлиди барқ дар шабакаҳои барқӣ мебошанд, таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ тамоми сол дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта шуд. Навсозии хатҳои интиқоли барқ, таъминоти як қисмати идораву муассисаҳои иҷтимоӣ бо гармкунакҳои каммасраф ва боз дигар омилҳо ба камшавии талафоти барқи тавлидшуда ва ҳарчи беҳтар таъмин кардани муштариён бо барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистон мусоидат намуданд.
Директори генералии ширкат дар робита ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор», таъмиру навсозии иншооти энергетикии вилоят ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар мавзеи бунёди неругоҳ корҳои омодагӣ барои сохтмони иншооти асосӣ идома доранд. Якҷо бо оғози корҳои асосии сохтмонӣ дар неругоҳ, ҳамчунин, навсозии хати баландшиддати барқ аз ҷои сохтмон то маркази вилоят шурӯъ мешавад. Бо навсозию ивазкунии хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои нав талафоти неруи барқ дар ноқилҳо хеле коҳиш хоҳад ёфт ва бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар се соли оянда мушкилоти вобаста ба таъминоти барқ дар фасли зимистон дар деҳоти дурдасти вилоят низ  комилан аз байн бардошта мешавад. 
Далер Ҷумъаев гуфт, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи муштараки Ҳукумати Тоҷикистон, шарикони рушд ва ширкати «Помир энержи» дар деҳоти дурдаст, ки ба қувваи барқи бо об тавлидшаванда дастрасӣ надоранд, 40 неругоҳи барқии офтобӣ бунёд мегардад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2019    №: 164    Мутолиа карданд: 964
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед