logo

иқтисод

БМТ ҲАДАФИ ТАСҲЕҲ КОҲИШ ДОДАНИ ФИШОРҲОИ ҚУРБИЮ АСЪОРӢ ВА ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ АСТ

Фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ меъёри 2 – фоизаи муқарраргардидаро убур намуда, аз 2,8 фоизи 1 феврали соли ҷорӣ то 15 май ба андозаи 6,1 фоиз боло рафт. 20 августи соли равон БМТ нархи як доллари ИМА - ро  9 сомонию 70 дирам муқаррар кард, яъне арзиши доллар назар ба рӯзи гузашта 27 дирам зиёд шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар гузориши «Тафсири сиёсати қурбии БМТ дар соли 2019», ки дар сомонаи бонк нашр шудааст, ҳадафи ин иқдомро аз байн бурдани фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва ғайрибонкии доллар арзёбӣ намудааст.
Айни ҳол БМТ, тибқи муқаррароти «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» асосёфтаро амалӣ намуда истодааст.
Тавре аз шарҳи БМТ бармеояд, бо вуҷуди тағйирёбии муътадили қурби расмӣ дар ин давра, норасоии доллари нақд дар бозори дохилӣ ба баланд шудани қурби он дар бозори ғайрибонкӣ роҳ кушод. Сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба долларро БМТ дар афзоиши тавозуни манфии савдои мамлакат ва коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа медонад.
«Аз муроҷиати ташкилоту корхонаҳо ва истеҳсолгарони ватанӣ маълум мегардад, ки норасоии асъори хориҷӣ мушкили асосии пешбурди фаъолияти самараноки онҳо гардидааст. Аз ҷониби муассисаҳои қарзӣ дар ҳаҷми пурра қонеъ нагардидани талабот ба доллар мизоҷонро маҷбур месозад, ки бо мақсади зарар надидан аз фаъолияти худ ба бозори ғайрибонкии асъор рӯ оваранд», - омадааст дар тафсири БМТ.
Дар ҳақиқат, аз оғози сол то имрӯз ҳаҷми фурӯши доллари ИМА (ғайринақдӣ ва нақд) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҷониби мизоҷони муассисаҳои қарзӣ 25,1 фоиз ва аз ҷониби аҳолӣ 28,6 фоиз кам шудааст.
Ҳоло аксари мизоҷон бо сабаби зиёд будани фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва ғайрибонкӣ барои мубодилаи маблағҳои асъории суратҳисобҳои бонкии худ  хоҳиш надоранд ва ин боиси нофаъолӣ ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад.
Сарфи назар аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имкону воситаҳо, аз ҷумла механизми харидуфурӯши рубли русӣ, барои коҳиш додани норасоии асъор ва фишорҳои қурбӣ талош намуда, иҷрои уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи давлатро таъмин намуда истодааст.
«Гузариш ба реҷаи «ҳадафгирии таваррум», ки ин раванд барои амалисозии сиёсати пулию қарзӣ аз соли 2018  оғоз гардидааст, аз Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи механизму усулҳои ба он мутобиқро талаб менамояд. Аз ин рӯ, БМТ дахолатҳои асъории худро тавассути татбиқи усулу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, аз ҷумла бо истифода аз механизми мутамаркази харидуфурӯши рубли русӣ ва барориши коғазҳои қиматнок, анҷом дода, фаъолияти бозорро ба танзим медарорад.
Бо вуҷуди ин, фарқияти аз меъёр зиёди қурбҳои расмӣ ва ғайрибонкӣ боқӣ мондааст. Бинобар ин, барои коҳиш додани фишорҳои қурбию таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта, таъмини риояи меъёри фарқияти то 2 - фоизаи байни қурбҳои расмию фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, амалӣ намудани як қатор чораҳои иловагӣ, аз ҷумла тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА, зарур ва ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии мамлакат бештар гардида, шаффофияти амалиёт бо мизоҷон таъмин ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд карда шавад. Ҳамзамон, мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содироту воридот ва афзудани даромади буҷети давлатӣ низ мусоидат мекунад». Чунин шарҳ ёфтааст ҳадафи иқдоми баробар кардани қурби расмӣ ба ғайрибонкӣ дар «Тафсири сиёсати қурбии БМТ дар соли 2019».
С. РАҶАБЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2019    №: 164    Мутолиа карданд: 935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед