logo

иқтисод

ДӮСТӢ. САФИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ АФЗУДАН ДОРАД

Нурмуҳаммад Саидзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, зимни суҳбат гуфт, ки аҳли заҳмати ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ шабу рӯз ҷаҳду талош намуданд ва қариб дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Ҷамъбасти нимаи аввали соли равон бо нишондиҳандаҳои баланди иҷтимоию иқтисодӣ, иҷрои нақшаи даромади андозҳо (100,6 дарсад), бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ, вусъати кишти зироатҳо аз пешрафту шукуфоӣ далолат менамояд.

АВЛАВИЯТ БА  АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи озуқаворӣ яке аз самтҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Деҳқонони ноҳия дар майдони 4561 гектар ғалла, 7048 гектар пахта, 277 гектар картошка, 1804 гектар сабзавот ва 1290 гектар полизӣ кишт намуда, ҳосили дилхоҳ гирифтанд. Бо арзиши беш аз 245 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 17 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

БУНЁДКОРӢ ДАР АВҶ АСТ
Дар ноҳия ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагию ободонӣ вусъати тоза касб намудааст. Бунёду азнавсозии 161 иншооти таъйиноташ гуногун, таҷдиду навсозии роҳҳо, хурраму зебо гардондани деҳот ва шаҳраки ноҳия дар назар аст. Дар маҷмӯъ, аз ин теъдод 40 иншоот бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ ба истифода супурда шуд. Роҳбарии гурӯҳи кориро дар ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ба уҳда дорад.
Нурмуҳаммад Саидзода гуфт, ки соҳибкорони маҳаллӣ даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободонии диёр бо амри дилу эҳсоси баланди ватандӯстӣ пазируфта, барои бунёди иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташаббусу иқдомҳои наҷиб зоҳир мекунанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ташаббусҳои соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Соли ҷорӣ дарвозаи рамзӣ дар даромадгоҳи ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ бунёд гашт, ки арзиши умумии он 891 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар деҳоти Деҳқонобод соҳибкорони ватандӯст Суннатулло Маҳмадшоев ва Умаралӣ Амонов бо сарфи 540 ҳазор сомонӣ маркази савдо, тарабхона, мағозаи тиҷоратӣ, дорухонаву сартарошхона сохта ба истифода доданд. Дар деҳаи Нурободи деҳоти мазкур соҳибкори саховатпеша Файзалӣ Тӯраев бо харҷи 501 ҳазор сомонӣ бунгоҳи тиббӣ сохт. Дар бунгоҳ кормандони собиқадор ва мутахассисони ҷавон ҷалб шуда, ба сокинони деҳа хидмат мерасонанд. Бунгоҳи тиббии дигар дар деҳаи Найсони деҳоти Ҷиликӯл дар арафаи Ҷашни 22 – солагии Ваҳдати миллӣ бо сарфи беш аз 574 ҳазор сомонӣ ба фаъолият оғоз кард. Мақсад аз амалӣ намудани тадбири мазкур дастрасии аҳолии деҳоти дурдаст ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ аз бемориҳои гуногун, фароҳам овардани шароити хуби тиббӣ ва дар муҳити безарар анҷом додани хатнаи кӯдакон мебошад. Қаблан ниёзмандону беморон барои табобат ба маркази ноҳия мерафтанд, ки харҷи зиёди маблағ ва вақтро талаб мекард. Акнун  мушкилӣ ҳалли худро пайдо намуд.
Иншооти дигари ҷашнӣ дар деҳоти Ҷиликӯл майдончаи варзиши болопӯши замонавӣ барои бозии футболи хурд мебошад, ки бо таҷҳизоти зарурии варзиш муҷаҳҳаз аст. Барои бунёди майдонча соҳибкори маҳаллӣ Саймуддин Саидов 400 ҳазор сомонӣ харҷ намуд.
- Тадбири мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ шуда, боиси боз ҳам такмил ёфтани инфрасохтори варзиш дар деҳот мегардад, - гуфт Нурмуҳаммад Саидзода.
Дар деҳоти Гардӣ Гулмуродов бунёди сардхона барои 100 тонна маҳсулот ба анҷом расонда шуд.
Айни ҳол дар ноҳия корҳои сохтмонӣ дар 40 иншооти ҷашнӣ бо суръату сифати баланд ҷараён дошта, дар арафаи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёди корхонаи нонпазӣ ва қаннодӣ, муассисаи таълимии ибтидоии № 5, майдончаи варзиш, мумфаршсозии ду километр роҳи маркази ноҳия ва чароғонкунии 1,8 километр роҳ ба анҷом мерасад. Баробари ин, нахусткорҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии шуъбаи маориф, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бахши агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оғоз ёфта истодаанд.
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани ноҳия ва таъмини хизматрасонии босифати нақлиётӣ барои сокинону меҳмонон дар маркази ноҳия бо маблағгузории соҳибкор Ҷамолиддин Қодиров сохтмони терминали муосири мусофиркашонӣ идома дорад. Тибқи нақша, он  соли 2021 дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани терминал беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад. Боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия бо сарфи беш аз се миллион сомонӣ то соли 2020 пурра навсозӣ мешавад. Аллакай, 50 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Дар иншоот беш аз 30 сокини маҳаллӣ машғули кор аст. Майдони умумии боғ 2,82 гектарро дар бар гирифта, дар он бунёди фаввора, гулгашт ва насби чароғпояву нишастгоҳҳо дар назар аст.
Аз ҳисоби соҳибкорон се километр роҳ асфалтпӯш, 17,3 километр сангфарш шуд. Инчунин, дар муддати кӯтоҳ се пул ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ таъмир гардид.
Дар заминаи татбиқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳия тайи шаш моҳи сипаришуда 386 корҷӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин гардид.
- Итминон ҳаст, ки сокинони шарафманду заҳматпешаи ноҳия дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, Дӯстиро ба ноҳияи пешрафта ва ободу шукуфо табдил медиҳанд, - гуфт Нурмуҳаммад Саидзода.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2019    №: 165    Мутолиа карданд: 2877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед