иқтисод
ИСФАРА. МАКОНИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ
Иқлими шаҳри Исфара барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ хеле мусоид мебошад. Ҳамасола дар ин диёри хушманзара боғҳои нав доман паҳн мекунанд, ки аз ин ҳисоб меваю ангур фаровонтар ва ҷойҳои нави кор фароҳам мегарданд. Масъулони соҳа барои татбиқи босамари Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ва расидан ба натиҷаҳои баланд заҳмату талош доранд.
Тавре Муҳаммад Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳр, зикр намуд, айни ҳол дар Исфара 14 корхонаи каркард ва бандубасти меваи хушк фаъолият дорад. Соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр барои таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом аз ҳисоби заминҳои талу теппа 46 гектар боғи меваҳои донакдор бунёд намуданд.
Раёсати кишоварзии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва боғпарварон ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани захираҳои обу замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти боғу токзор ва ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ талош меварзанд. Айни ҳол дар пайи заҳмати боғдорон зиёда аз 12 ҳазор гектар боғи шаҳр, аз ҷумла 9561 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда, 306 гектар тутзор, 302 гектар токзор самари хуб медиҳад.
Мувофиқи дурнамо бояд давоми 5 сол дар шаҳр 150 гектар боғи нав бунёд шавад. Бо кӯшишу ғайрати кишоварзони заҳматкаш аллакай тайи 4 сол беш аз 327 гектар боғ бунёд ёфт.
Баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба барқарорсозии боғҳои куҳна аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Давоми соли равон боғпарварон дар 189 гектар боғ дарахтони аз самар бозмондаро решакан карда, ба ҷойи онҳо ниҳоли зардолуву сиёҳолу ва навъҳои дигари серҳосили меваҳои донакдору тухмдор шинонданд.
Тибқи нақша, соли ҷорӣ бунёди 2,5 гектар боғи интенсивӣ дар назар аст. Айни ҳол аз ҳисоби барқарорсозии боғҳои куҳна 9 гектар боғи интенсивӣ, 1,5 гектар зардолузор, 4 гектар боғи чормағз, 1,5 гектар боғи сиёҳолу ва 2 гектар боғи себ бунёд гардидааст.
Кишоварзони меҳнатқарини шаҳр ният доранд, ки майдони боғу токзорро аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин зиёд намуда, дар рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Мафтуна НУРИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2019 №: 165 Мутолиа карданд: 1491