сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бо рӯйдоди хотирмон – ҷашни 65-солагии зодрӯзаш самимона табрику муборакбод карда, ба ӯ сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин бар нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.
Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайваставу бунёдкоронаи Александр Лукашенкоро дар ҷодаи густариши ҳамаи ҷанбаҳои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус махсус таъкид карданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи маҷмӯи муносибатҳои миёни ду кишвар дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти дар ҷараёни сафари расмии начандон деринаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беларус бадастомада, иброз доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2019 №: 167-168 Мутолиа карданд: 824