сиёсат
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
1-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни бинои боҳашамати ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонии таълимии навбунёд, роҳбарият, устодон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат дар даромадгоҳи бино парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бинои нави маъмурию таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд ва онро дар доираи иҷрои “Нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишомӯзон арзёбӣ карданд.
Сохтмони бинои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 оғоз гардида, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иншооти таълимии 12-ошёна, ки барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ мешавад, аз 2 қисм – маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Бинои донишкада, ки бо тарҳи наву замонавӣ эъмор гардидааст, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дорои қисми маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, толорҳои варзишу маҷлисгоҳ, китобхонаву ҳуҷраҳои фаннӣ мебошад.
Меҳмонхона ва хобгоҳи замонавӣ аз 65 ҳуҷраи люкс ва нимлюкси 1 ва 2 ҷойи хоб иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизот, аз ҷумла яхдон, телевизор, мошинаи ҷомашӯйӣ ва дарзмолкунӣ, кати хоби якнафараю дунафара, муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои шунавандагони курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, магистрантону донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.
Дар ошёнаи якуми бинои маъмурию таълимӣ ошхона бо 200 ҷой, ҳуҷраҳои кории раёсати кадрҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва муҳофизон ҷой гирифтаанд.
Дар ошёнаи дуюм китобхона барои 50 ҷойи нишаст ва дорои имконияти нигоҳдории зиёда аз 20 ҳазор китоби илмӣ, таълимию методӣ, бадеӣ ва дигар маводи нашрӣ, синфхонаҳои компютерӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёда аз 130 ҳазор китоби электронӣ, ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурии раванди таълим, толори варзиш барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ҷойгиранд.
Дар ошёнаи дуюми бинои маъмурию таълимӣ “Маркази тавонбахшӣ ва омӯзиши шахсони имконияташон маҳдуд” фаъолият менамояд. Донишкада таҷҳизот ва маводи таълимиро барои муассисаҳои марбут ба кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дастрас менамояд. Ҳадафи асосии ин лоиҳа дастгирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва таъмини онҳо бо шароити муносиб барои гирифтани дараҷаи мутаносиби таҳсилоти олии касбӣ, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва дар қабули қарорҳо ба шумор меравад.
Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳо ва системаи автоматикунонии таълим як қатор корҳо амалӣ гаштаанд.
Раванди фаъолияти системаи автоматикунонии таълим дар донишкада дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ягона буда, ба тамоми талаботи низоми таҳсили муосир ҷавобгӯ мебошад.
Дар ошёнаи сеюм хуҷраҳои кории ректор, муовинони ректор, бойгонӣ, маҷлисгоҳ барои 70 ҷо ва ҳуҷраҳои кории шуъба, толори шӯрои олимон ва кафедраҳо мавҷуданд.
Дар ошёнаи 4-уми қисми таълимии бино 2 толори маҷлис ҳар кадоме барои 77 ҷойи нишаст, 2 синфхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои раёсати таълим, садорати факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷойгиранд.
Дар ошёнаи панҷум 3 синфхона, толори калони барҳаво барои 200 ҷо, дар ошёнаҳои аз 6 то 9-ум факултети муносибатҳои байналмилалӣ қарор дошта, дар онҳо 3 толори лексионӣ, 10 синфхона, 3 синфхонаи лингофонӣ ва забономӯзии дорои 450 ҷойи нишаст, кафедраҳо, 8 ҳуҷра барои ҳайати устодону кормандони факултет ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой гирифтаанд. Ҳамзамон, дар ошёнаҳои аз 10 то 12-ум факултети идоракунии давлатӣ бо 18 синфхона, толори лексионӣ, 3 синфхона барои машғулиятҳои гурӯҳӣ ( дар маҷмӯъ, барои 570 ҷо) ҷой гирифтааст.
Дар бинои нави донишкада, ҳамчунин, Парки технологӣ ташкил шуда, фаъолияти пурсамар дорад. Он аз шӯрои машваратӣ, директор, муовини директор, комиссияи назорати тафтишотӣ, бахши омӯзиш ва омодакунии хӯрокҳои миллӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ, маркази таълимӣ-истеҳсолии дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, матбаа, маркази иноватсионӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн бо ташкили курсҳои таълимӣ, маркази фурӯши маводи таълимӣ ва нусхабардорӣ, бахши муҳосибот ва коргузорӣ, шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репититорӣ, маркази курсҳои забономӯзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, хоҷагии ёрирасон, бахши варзиш иборат мебошад.
Дар саҳни ҳавлии бинои нави маъмурӣ зиёда аз 100 ҳазор дона гули ороишӣ, 80 дарахти арча, ҳамчунин, дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонда шудаанд.
Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ дар кишвар мебошад, ки муассиси он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Самти фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.
Дар донишкада факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи ихтисосҳои “Идоракунии давлатӣ”, “Идоракунии давлатии иқтисодиёт”, “Идоракунии ҳайати кадрӣ”, “Муносибатҳои байналмилалӣ” ва “Амнияти иттилоотӣ” дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои мақомоти давлатӣ кадр тайёр мекунанд.
Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва дар маҷмӯъ, 2 567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. То имрӯз магистратураро зиёда аз 620 нафар хизматчии давлатӣ хатм кардааст.
Ба донишкада, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ ва магистратураю бакалавриат 172 нафар устодону омӯзгорон, аз ҷумла 23 нафар докторони илм, профессорон, 62 нафар номзадҳои илм, дотсентон, ҷалб шудаанд.
Соли таҳсили 2018 - 2019 донишкадаро 352 нафар донишҷӯёну магистрантон хатм намуданд, ки аз ин теъдод 34 кас соҳиби дипломи аъло ва 318 нафар соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд.
Кормандону омӯзгорони донишкада фаъолияти илмиро дар доираи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ва “Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон” идома медиҳанд.
Аз ҷониби устодони муассиса танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 16 китобу монография ва дастури таълимӣ, аз ҷумла аз ҷониби донишмандон ва мутахассисони соҳа китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар ду ҷилд, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ нашр гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо бинои боҳашамати замонавии донишкада, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ба роҳбарияти он, вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди ифтитоҳи бинои нави маъмурию таълимии донишкада, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар ҳузури омӯзгорон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро бо оғози соли нави таҳсил ва ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст. Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Ҳадафи ин иқдомро Сарвари давлат аз тарафи устодони он тайёр кардани беҳтару босифати касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.
Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин иқдом метавонад ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2019 №: 167 -168 Мутолиа карданд: 963