logo

иқтисод

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. БУНЁДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Сокинони заҳматпешаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ифтихору сарбаландӣ аз файзи истиқлолият, бақои сулҳу ваҳдат, сиёсати созандаву бунёдкорона ва тадбирҳои ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ноил шудан ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ва ободониву шукуфоии Ватани азизамон пайваста бо дилгармӣ талош меварзанд.
Зариф Назирӣ, раиси ноҳия, гуфт, ки ҷиҳати омодагии сазовор ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 1282 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 565 иншоот ба маблағи 121  миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Дар доираи ин ҷашни фархунда дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов қасри фарҳанг, бинои нави идораи ҷамоат, беморхонаи минтақавӣ ва  дар Ҷамоати деҳоти Овчи - Қалъача муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар муассисаҳои таълимии №34, Ҷамоати деҳоти Хистеварз ва №15, Ҷамоати деҳоти Унҷӣ сохтмони биноҳои нав барои 1000 - нафарӣ хонанда идома дорад.
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби буҷети вилоятӣ кӯчаи асосии Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов ба масофаи 15 километр пурра мумфарш карда шуд. Ҳамчунин, бо иқдоми сокинон ва фаъолони ноҳия дар ин роҳ хати барқи замонавӣ кашида мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов аз ҷониби сокинони ҷамоат иншооти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 54 метр  сохта, ба истифода дода мешавад. Ин иқдом дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз низ дастгирӣ ёфта, сохтмон идома дорад.
Дар доираи амалисозии нақшаи омодагӣ дар маҷмӯъ, 43,1 километр роҳҳои ноҳия пурра мумфарш карда, 48,8 километр хати барқ ва 122,7 километр хати оби нӯшокӣ кашида шуд. То имрӯз дар 3 муассисаи таълимии ноҳия биноҳои иловагӣ бунёд гардида, 2 муассисаи таълимии садамавӣ ва 3 кӯдакистони бекорхобида пурра азнавсозӣ шуданд, ки дар натиҷа барои таълиму тарбия фаро гирифтани 500 кӯдак шароит фароҳам омад. 
- Дар ним сол дар ҷамоатҳои дурдасти ноҳия 3 хонаи саломатӣ ва 2 бинои иловагии маркази саломатӣ, 16 нуқтаи хатнакунӣ, 6 шуъбаи таваллуд, 5 толори кошонаи ҳусн, 9 сартарошхона, 35 толор ва майдончаи варзиш бунёд гардида, ҳоло мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Танҳо дар нимсолаи аввал, мувофиқи маълумоти оморӣ, 4608 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт, - иброз дошт раиси ноҳия.
Шаҳбоз АБРОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 834
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед